Қаҳрамонии тими миллии волейболи соҳилии Эрон дар мусобиқоти осиёии Чин
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i116004-Қаҳрамонии_тими_миллии_волейболи_соҳилии_Эрон_дар_мусобиқоти_осиёии_Чин
Тими миллии волейболи соҳилии Эрон бо шикасти Таиланд, қаҳрамони мусобиқоти осиёии Тянзини Чин шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 14, 2024 17:32 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими миллии волейболи соҳилии Эрон дар мусобиқоти осиёии Чин

Тими миллии волейболи соҳилии Эрон бо шикасти Таиланд, қаҳрамони мусобиқоти осиёии Тянзини Чин шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, марҳалаи ниҳоии мусобиқоти осиёии Тянзини Чин рӯзи якшанбеи пайгирӣ ва тими миллии волейболи соҳилии Эрон дар марҳалаи ниҳоӣ дар масоф бо Таиланд ду бар сифр ба пирӯзӣ расид ва қаҳрамон шуд.

Соҳилибозони Эрон дар маҷмӯ 7 дидор баргузор карданд ва дар марҳалаи муқаддамотӣ Ҳонг Канг, Чин ва Австралияро шикаст доданд.