Июл 17, 2024 13:28 Asia/Dushanbe
  • Эрон иттиҳомоти беасос дар бораи нақши Теҳрон дар террори Трампро рад кард

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар пайи бархе гузоришҳои иддаоӣ перомуни нақши Эрон дар террори Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико эълом кард, ин иттиҳомот беасос ва муғризона аст.

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк таъкид кард, аз нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Трамп як муҷрими ҷинояткор аст, ки бахотири судӯри дастури террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бояд дар додгоҳи муҳокима ва муҷозот шавад, зимни инки Эрон масири ҳуқуқиро барои посухгӯ кардани ӯ интихоб кардааст.

 

Барчасп