Июл 19, 2024 19:10 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин пирӯзии паиҳами тими ҳандболи Эрон дар қаҳрамонии Осиё

Тими ҳандболи ҷавонони Эрон марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии қаҳрамонии Осиёро бо бурде муқтадирона муқобили Уммон оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, тими ҳандболи ҷавонони Эрон пас аз шикасти Чину Кувайт дар нахустин дидори худ дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ ба масофи Уммон рафт ва бо натиҷаи 19 - 32 ба пирӯзӣ расид то мусобиқоти ин марҳаларо бо як бурди дилнишини дигар оғоз кунад.

Миллипӯшони Эрон фардо шанбе дар дуввумин дидори худ дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ ба масофи Арабистон мераванд, ки дирӯз муқобили Ҷопон 31 - 32 тан ба шикаст дод.

Ҳамакнӯн Эрону Ҷопон бо 2 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи дувуми марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ ҳастанд.

Дар ин рақобатҳо 13 тим ҳузур ёфтанд, ки дар 4 гурӯҳи 3 ва 4 тимӣ рақобат карданд.

4 тими бартари мусобиқот ҷавози ҳузур дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони писари ҷаҳони 2025 дар Полшаро касб мекунанд.

Ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти ҳандболи қаҳрамонии ҷавонони Осиё аз 14 то 25 июл ба мизбонии Урдун баргузор мешавад.

 

Барчасп