Фано наздиктарин ва охирин мақсади режими Исроил аст
(last modified Sat, 20 Jul 2024 13:51:35 GMT )
Июл 20, 2024 18:51 Asia/Dushanbe
  • Фано наздиктарин ва охирин мақсади режими Исроил аст

Сухангӯи вазорати хориҷа гуфт, режиме, ки барои бақо ҷуз тавассул ба ҷиноят чизе надорад, фано, мақсади поёнӣ ва наздиктарин мақсади он аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар “Х” навишт, дар тӯли қариб ба 10 моҳи таҳоҷуми ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, токунӯн ҳудӯди 8600 донишомӯз ва беш аз 500 тан аз кадри омӯзишӣ ба шаҳодат расидаанд.

Вай идома дод, бо таътилии мадорису искони оворагон дар сохтумонҳои омӯзишӣ ва мадорис, ин маконҳо ҳамчунон ба баҳонаҳои воҳӣ, ба унвони аҳдофи ҷангии мавриди таҳоҷуми артиши террористии режими Исроил қарор мегиранд.

Канъонӣ афзуд, дар тозатарин ҷиноят, “мадрасаи Ал Фалоҳ” дар минтақаи Ал Зайтуни шаҳри Ғазза ҳадафи бомбаборони ин режим қарори гирифта, ки даҳҳо шаҳиду маҷрӯҳ барҷо гузоштааст.

Вай гуфт, сарони ҷинояткори режими апартеиди Исроилу ҳомиёни ғарбии онон бидонанд ҳечкадом аз ин иқдомоти ҷиноятомез наметавонад ҷубронкунандаи шикастҳои роҳбурдии онон дар баробари миллати сабуру муқовими Фаластин бошад.

Вай унвон кард, режиме, ки барои бақо ҷуз тавассул ба ҷиноят чизе надорад, фано, мақсади поёнӣ ва наздиктарин мақсади он аст.