Июл 23, 2024 18:38 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон дар ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир

Вазири кишвари Эрон дар хусӯс дувумин нишасти Конфронси минтақаии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Бағдод, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари пешрав, омодагии комил барои ҳамкорӣ бо ниҳодҳо ва сохторҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро дорад.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дирӯз (душанбе) дар гуфтугу бо хабарнигорон дар ташреҳи гуфтугӯҳои анҷом шуда дар дувумин нишасти Конфронси минтақаии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Бағдод, гуфт: Ҳайтҳои ширкаткунанда дар ин нишаст назарот ва дидгоҳҳои худ барои афзоиши ҳамгароӣ ва ҳамроҳии бештар ироа карданд ва дар поён баёнияе бо мавзӯи пешрафтҳо ва лузӯми ҳамкориҳои бештари кишварҳои ҳамсоя барои муборизаи муассир бо қочоқи маводи мухаддир дар минтақа қироат шуд.

 

Барчасп