Январ 11, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Эрон мақсади амн барои гардишгарони ҷаҳон

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, ҳадафи ин созмон ироаи тасвире муносиб ва воқеӣ аз Эрон ба ҷаҳониён аст.

Ба гузориши ИРНА, Заҳро Аҳмадипур раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон дар дидори Франсуа Сенмо сафири Фаронса дар Теҳрон афзуд, Эрон мақсади амн барои гардишгарони ҳамаи кишварҳо аст.

 Аҳмадипур тасреҳ кард, баргузории турҳои муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Эрон барои тургардонон ва расонаҳои Фаронса метавонад фазои воқеии Эронро барои гардишгарон ва мардуми Фаронса ташреҳ кунад.

 Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон, таомули фарҳангии байни кишварҳоро сабаби эҷоди равобити мубтанӣ бар эҳтиром ва сулҳ донист ва гуфт, Эрон бо ин рӯйкард дар масири иртиботи комилан мантиқӣ, ҳамроҳ бо эътидол ва сулҳ бо соири кишварҳо ҳаракат мекунад.

 Аҳмадипур афзуд, бо таваҷҷуҳ ба танаввӯи саноеи дастии Эрон ва алоқаи мардуми Фаронса ба осори ҳунарӣ, бояд роҳкорҳои афзоиши ҳаҷми содироти саноеи дастии эронӣ ба Фаронса мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

 Франсуа Сенмо сафири Фаронса дар Теҳрон низ ҳувияти фарҳанги эрониро барои мардуми Фаронса шинохташуда донист ва гуфт, гардишгарони фаронсавӣ барои сафар ба Эрон ташвиқ мешаванд, чунки Эрон яке аз амнтарин кишварҳои минтақа аст.

 

Барчасп