Июл 30, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон: Сиёсати Эрон дар дифо аз Фаластин тағйирнопазир аст

Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон дар дидори дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин, мавозеъ ва сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мазлумон, аз ҷумла миллати Фаластинро тағйирнопазир донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон рӯзи душанбе дар дидори Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин бо баёни инки мавозеъ ва сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мазлӯмон, аз ҷумла миллати Фаластин ва ормони озодии Қудс, бо тағйири давлатҳо тағйир намекунад, гуфт, ҳимояту пуштибонӣ аз ормонҳои миллати мазлӯми Фаластин ҳамчунон бо қудрат идома хоҳад ёфт ва ҳеҷ омиле наметавонад халале дар иродаи мо дар ин масир эҷод кунад.

Пизишкиён афзуд, ин дидор паёме муҳим барои касоне аст, ки ба дунболи эҷоди фосила миёни Эрон ва гуруҳҳои муқовимат, ба хусӯс бародарон ва муҷоҳидони фаластинӣ ҳастанд.

Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон бо таъкид бар талоши бештар барои эҷоди вифоқ дар миёни кишварҳои исломӣ ва афзоиши фишор бар режими саҳюнистӣ барои таваққуфи ҷинояту куштор дар Ғазза тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи пеши рӯ низ талош хоҳад кард бо табйин ҳарчӣ бештар ҷиноёти режими ғосиби саҳюнистӣ, сиёсати муқобила бо ин режими ҷинояткорро фаротар аз кишварҳои исломӣ бо ҳамаи кишварҳои мустақил ва озодихоҳ ба пеш бурда ва бародарон ва хоҳарони фаластинии худро дар баробари ҷиноёти зидди башарии ин режим танҳо нагузорад.

Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ ки барои ширкат дар ойини таҳлифи чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, гуфт, фаластиниёни мазлӯми сокини Ғазза имрӯз дар хати муққадам истодагӣ дар баробари зиёдахоҳиҳои низоми султаи намояндаи онон дар минтақа қарор доранду мавзе ва садои расои Эрон дар ҳимоят аз муқовимат таъсири муҳимме дар ҳифзи рӯҳияи истодагӣ ва пойдории онон дорад.

Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо баёни инки мардуми Фаластин ҳеҷ гоҳ ҳимоятҳои Эронро фаромӯш нахоҳанд кард, афзуд, имрӯз дар ҳоле ҳамаи масирҳо барои имдодрасонӣ ва ҳатто вуруди ғизо ва дору ба рӯи фаластиниёни мазлӯми Ғазза бастааст, ки масирҳо барои ирсоли анвоъи кумакҳо, аз ҷумла таҷҳизоту силоҳ ба рӯи саҳюнистҳо боз аст, бо ин вуҷӯд муқовимати миллати Фаластину муҷоҳидон фаротар аз ҳама пешбиниҳо аст.

 

 

Барчасп