Июл 31, 2024 10:19 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати Исмоил Ҳания ва яке аз муҳофизони вай дар Теҳрон

Равобити умумии кулли сипоҳ дар иттилоияе аз шаҳодати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони вай дар асари исобат қарор гирифтани маҳали иқомати онон дар Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши бомдоди чаҳоршанбеи ИРНА аз Сипоҳнюз, равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард: Оқои доктор Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони вай дар асари исобат қарор гирифтани маҳалли иқомати онон дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.

Матни иттилоия ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Бо арзи таслият ба миллати қаҳрамони Фаластин ва уммати исломӣ ва размандагони ҷабҳаи муқовимат ва миллати шарифи Эрон, бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) маҳалли иқомати ҷаноби оқои доктор Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии муқовимати исломии Ҳамос дар Теҳрон, мавриди исобат қарор гирифта ва дар пайи ин ҳодиса эшон ва як нафар аз муҳофизини вай ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп