Баёнияи вазорати хориҷа дар хусуси шаҳодати Исмоил Ҳания
(last modified Thu, 01 Aug 2024 06:26:41 GMT )
Август 01, 2024 11:26 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи вазорати хориҷа дар хусуси шаҳодати Исмоил Ҳания

Вазорати умури хориҷа дар хасуси шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҳамос баёния содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, бомдоди чаҳоршанбе муаррихи 10 мурдод 1403, муҷоҳиди хастагинопазир шайх Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва ёри дерини шаҳиди Қудс, сардор сипаҳбуд Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва аз раҳбарони пурифтихор ва шуҷоъи муқовамати Фаластин, ки барои ширкат дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Эрон, меҳмони давлат ва мардуми Эрон буд, мавриди ҳадафи як иқдоми террористӣ аз сӯи душмани ишғолгари Исроил қарор гирифта ва ба шаҳодат расид.

Террори шаҳид Исмоил Ҳания ба унвони яке аз раҳбарони мунтахаби мардуми Фаластин ва яке аз тилоиядорони муборизаи машрӯъи миллати Фаластин барои иҳқоқи ҳаққи таъйини сарнавишт, шоҳиди дигаре бар моҳияти террористӣ ва нишонае аз хуи таҷовузгарӣ ва қонуншикании мафияи ҷинояткори ҳоким бар сарзамини ишғол шудаи Фаластин аст.

Ин иқдоми террористӣ натанҳо нақзи фоҳиши усул ва қавоиди ҳуқуқи байналмилал ва Маншури милал муттаҳид аст, балки таҳдиде ҷиддӣ алайҳи сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Ин иқдоми режеми ҷинояткори Исроил, дар тадовуми террори раҳбарони муқовамати Фаластин дар кишварҳои дигар дар чанд даҳаи гузашта рух додааст, аммо иқдоми мутаҷовизона ва террористии ҷадиди ин режем дар террори шаҳид Ҳания бахше аз барномаи наслкушии фаластиниён бавижа дар 10 моҳи ахир ва дар ҷиҳати афзоиши ноамнӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон масъулияти давлати Амрико ба унвони ҳомӣ ва ҳамдасти режими саҳюнистӣ дар истимрори ишғолгарӣ ва наслкушии фаластиниён, дар иртикоби ин иқдоми шанеъи террористиро мавриди таъкид қарор медиҳад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ дар террори муҷоҳиди хастагинопазир шайх Исмоил Ҳанияро шадидан маҳкум мекунад ва бо таъкид бар ҳаққи зотии худ дар посухи муносиб нисбат ба ин иқдоми мутаҷовизона алайҳи ҳокимият ва тамомияти сарзаминии худ, интизор дорад, ки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ростои ҳимоят аз ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин ва муқовамати машрӯъи онон дар баробари ишғолгарӣ, режими Исроилро ба таври ҷиддӣ ва муассир мавриди муохиза қарор дода ва тадобири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва танбиҳии лозимро дар қиболи ин режими ёғӣ иттиҳод намоянд.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳодати ин муҷоҳиди бузург ва ҳамроҳи эшонро ба маҳзари мақоми муаззами Раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ, уммати исломӣ ва миллати ғаюри Фаластин, Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), хонаводаи он шаҳиди азиз, гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ва ҳамаи аҷзои меҳвари муқовимат, куллияи давлатҳо ва миллатҳои ҳомии ормони Фаластин ва озодихоҳони ҷаҳон табрик ва тасалият арз менамояд.