Пизишкиён: Режими саҳюнистӣ ба зудди натоиҷи иқдоми террористии худро мебинад
(last modified Thu, 01 Aug 2024 08:46:04 GMT )
Август 01, 2024 13:46 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Режими саҳюнистӣ ба зудди натоиҷи иқдоми террористии худро мебинад

Раисиҷумҳур бо судури паёме бо таъкид бар посдории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии худ, иқдомоте чун террори шаҳид Ҳанияро нишонаи ба бунбаст расидани сиёсатҳои режими саҳюнистӣ донист.

Дар посдорӣ аз тамомияти арзӣ ва иззату эътибори худ кӯтоҳӣ нахоҳем кард

Ба гузориш хабаргузори Садо ва симо, дар пайи иқдоми ҷинояткоронаи бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар террори Исмоил Ҳания, ки барои маросими савганди чаҳордаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар карда буд, оқои Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо судури паёме зимни табрик ва таслияти шаҳодати вай, пас аз умре ҷиҳод ва мубориза, ба уммати исломӣ, муборизони муқовимат ва миллати бузурги Фаластин, бар посдории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва иззату эътибори худ таъкид кард.

 Матни комили паёми оқои Пизишкиён ба шарҳи зер аст:

 

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Режими саҳюнистӣ, ки пас аз моҳҳо куштор, ҷиноят ва вайронӣ дар Ғазза, дучори бунбаст ва қуфлшудагӣ буда ва қодир ба раҳоӣ аз паёмадҳои сиёсати таърихии мубтанӣ бар ишғолгарӣ, терроризм, табъизи нажодӣ ва куштори ҷамъии худ нест, бомдоди имрӯз бародари азиз ва муҷоҳиди роҳи Худо шаҳид Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластинро дар Теҳрон ҳадафи амалиёти ҷинояткоронаи террористии худ қарор дод ва ба шаҳодат расонд.

Шаҳодат ҳунари мардони Худост ва шаҳид Исмоил Ҳания, ки пеш аз ин бисёре аз наздикон ва аъзои хонавода ва раҳбарони ҷунбиши муқовимат таҳти раҳбарии худро дар амалиётҳои террористии Исроил аз даст дода буд, пас аз умре муҷоҳидат ва мубориза барои раҳоии миллати Фаластин аз ишғоли саҳюнистӣ ба орзуи ҳамешагии худ расид ва ба дидори Худованд шитофт. Инҷониб пӯшидани ҷомаи шаҳодатро бар Исмоил Ҳания ва ҳамроҳи шаҳидаш ба ҳама муборизони муқовимат ва миллати бузурги Фаластин ва ҳамаи уммати исломӣ табрик ва таслият мегӯям.

Ин иқдоми террористӣ ҳамчун дигар ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, ноқизи қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ буда ва зарурати иқдом муттаҳиди ҷаҳон бавижа кишварҳои исломиро барои муқобила бо ин режими ҷинояткор ва ишғолгар беш аз пеш нишон медиҳад.

Ин ҷиноят дар Теҳрон ва ҳангоме анҷом шуд, ки бародари азизамон шаҳид Исмоил Ҳания, меҳмони расмии раисиҷумҳур ва давлати Ҷумҳурии исломӣ буда ва барои ширкат дар маросими савганди раёсатҷумҳурӣ ба Эрон сафар карда буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посдорӣ аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллӣ ва иззату эътибори худ кӯтоҳӣ нахоҳад кард ва режими саҳиюнистӣ ба зуддӣ натоиҷи иқдоми буздилона ва террористии худро хоҳад дид.

 

Масъуди Пизишкиён