Боқирӣ: Эрон аз ҳаққи машрӯи худ барои муҷозоти саҳюнистҳо истифода мекунад
(last modified Fri, 02 Aug 2024 15:28:39 GMT )
Август 02, 2024 20:28 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ: Эрон аз ҳаққи машрӯи худ барои муҷозоти саҳюнистҳо истифода мекунад

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи табаоти иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ҳушдор дод.

Алӣ Боқирии Канӣ дар гуфтугӯи телефони бо Аҳмад Атоф, вазири умури хориҷаи Алҷазоир гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бидуни тардид аз ҳаққи машрӯъ ва зотии худ барои муҷозоти қотеъ ва муассири саҳюнистҳои ҷинояткор истифода хоҳад кард.

 Боқирӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз ҳимояти Алҷазоир дар баргузории нишасти изтирори Шӯрои амният барои баррасии иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар террори шаҳид Исмоил Ҳания, бар баргузории нишасти изтирории Созмони Ҳамкории Исломӣ дар сатҳи вазирони умури хориҷа барои баррасӣ ва тасмимгирӣ дар бораи ин иқдоми ҷинояткорона таъкид кард.

Аҳмад Атоф низ дар ин тамоси телефонӣ аз ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баргузории нишасти фаврии Созмони Ҳамкории Исломӣ барои муқобила бо иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ ҳимоят кард.

Атоф ҳамчунин бар мавзеи давлат ва мардуми Алҷазоир дар маҳкумияти қотеъи ҷинояти режими саҳюнистӣ дар террори шаҳид Исмоил Ҳания дар хоки Эрон ва нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.