Август 10, 2024 11:23 Asia/Dushanbe
  • Намояндагии Эрон: Каналҳои интиқоли паём миёни Эрону Амрико ҳамеша вуҷӯд доштааст

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал бо баёни инки ҳаққи дифои машрӯъи Эрон иртиботе ба оташбаси Ғазза надорад, эълом кард: «каналҳои расмии мустақим ва воситае барои интиқоли паём ҳамеша миёни Эрону Амрико вуҷӯд дошта, аммо тарҷеҳи тарафайн ин аст, ки ҷузъиёти он маскут бимонад.»

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Саъиди Ереванӣ, намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал дар посух ба сулооте мабнӣ бар инки оё Эрон посух ба режими Исроилро то гуфтугӯҳои ҳафтаи оянда дар хусӯси оташбас ба таъвиқ меандозад, гуфт: «Барқарории оташбаси пойдор дар Ғазза авлавияти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва ҳар тавофуқе, ки Ҳамос бипазирад, мавриди қабули Эрон ҳам хоҳад буд.»

Вай афзуд: «Амният ва ҳокимияти миллии Эрон дар иқдоми террористии ахири режими Исроил нақз шуда ва мо ҳаққи дифои машрӯъ дорем ва ин иртиботе бо оташбаси Ғазза надорад, аммо умедворем посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замон ва ба гӯнае сӯрат гирад, ки латмае ба оташбаси эҳтимолӣ назанад.»

Мэттю Миллер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи талошҳои дипломатии Вашингтон ва низ чигунагии посухи Эрон ба таҷовузи Исроилу террори Исмоил Ҳания, гуфта буд, ки мо наметавонем дар мавриди гуфтугуҳои дипломатӣ ва ё инки Эрон чӣ тасмимӣ гирифтааст, изҳори назар кунем.

Миллер ҳамчунин бо ишора ба инки тарафи амрикоӣ саъй карда аз тариқи таомулоти дипломатӣ паёми диҳад, ки набояд иқдомоти ташдиди таниш анҷом дод, зеро ба нафъи ҳечкас нест, афзӯда: Тавофуқи оташбас дар дарозмуддат, барои сулҳу оромиши минтақа муфид хоҳад буд ва метавонад кумак кунад то хонаводаи гаравгонҳо ба аъзои хонаводаи худ барисанд.

 

Барчасп