Муаррифии ҳунари хушнивисии Эрон дар шабакаи телевизионии БРИКС
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i116578-Муаррифии_ҳунари_хушнивисии_Эрон_дар_шабакаи_телевизионии_БРИКС
Порс тудей - Филми мустанади “ Нуқта “ дар бораи ҳунари хушнивисии Эрон ба панҷ забон дар шабакаи байналмилалии телевизиони “ БРИКС“ ба намоиш дархоҳад омад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 10, 2024 18:33 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ҳунари хушнивисии Эрон дар шабакаи телевизионии БРИКС

Порс тудей - Филми мустанади “ Нуқта “ дар бораи ҳунари хушнивисии Эрон ба панҷ забон дар шабакаи байналмилалии телевизиони “ БРИКС“ ба намоиш дархоҳад омад.

Филми мустанад “ Нуқта", ки дар Эрону Русия филмбардорӣ шудааст, барои мухотабони пуршумор дар кишварҳои “ БРИКС" ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс тудей, ин филми мустанад ба коргардонии Амирвалии Нажод аз таъриху ҳунари хушнивисӣ эронӣ мегуяд ва ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, испаниёӣ ва португалиӣ аз тариқи пойгоҳи интерентии шабакаи телевизионии “БРИКС" дар дастрас хоҳад буд .

Коргардони ин филм муътақидаст: Филми "Нуқта", бинандаро бо ҳунарҳои зебои эрониён монанди хушнивисӣ ошно мекунад .

Амир Валӣ нажод изҳор дошт: Хушнивисии эронӣ ба унвони дунёе хосу забони муқаддасе, ки бархеста аз суннати рӯнависии мутуни Қуръони Карим аст, дар арсаҳои мухталиф корбурд дорад.