Пизишкиён: Ҷомеаи ҷаҳонӣ монеъ аз такрори ҷиноёти зиддибашарии саҳюнистҳо шаванд
(last modified Sun, 11 Aug 2024 06:58:32 GMT )
Август 11, 2024 11:58 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Пизишкиён ба ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба мадрасае дар Ғазза
    Вокуниши Пизишкиён ба ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба мадрасае дар Ғазза

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкумияти ҳамлаи бераҳмонаи режими саҳюнистӣ ба мадрасаи оворагони фаластинӣ дар Ғазза, аз маҷомеи ҷаҳонӣ, ба вижа Шӯрои амнияти Созмони Милал ва кишварҳои исломӣ хост, бо ҳаддиаксари тавони мумкин монеъ аз такрори ин гуна ҷиноёти зиддибашарӣ шаванд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шуҳадо ва осебдидагони ин фоҷеа ва таслият ба миллати муқовими Фаластин, фармондеҳону муборизони ҷабҳаи муқовимат ва хонаводаҳои мукаррами ин шаҳидон гуфт: Режими саҳюнистӣ танҳо дар сояи ҳимоятҳои давлатҳои муддаии ҳуқуқи башар аст, ки даст ба ин наслкушиҳо мезанад.

Раисиҷумҳури Эрон афзуд: Давлатҳову ниҳодҳое, ки аз як тараф дам аз музокира барои сулҳу оташбас мезананд ва аз тарафи дигар ҳеҷ ҳадду марзе дар таслеҳу пуштибонӣ ва ҳимоят аз ин режими саффок барои худ қоил нестанд, шарики ҷурми режими кӯдаккуш дар ҳамаи ин рухдодҳои талх ҳастанд.

Артиши режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ, рӯзи шанбе намозгузорони фаластиниро ҳангоми намози субҳ дар мадрасаи “Аттобеин” дар маҳаллаи Алдарҷ, дар шаҳри Ғазза бомбаборон кард.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, то кунун дар ин ҳамла ҳудуди 150 нафар ба шаҳодат расидаанд ва садҳо нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Ин ҳамалот вокуниши ҷаҳониро ба дунбол доштааст.