Август 29, 2024 13:02 Asia/Dushanbe
  • Дидори раҳбари миллии Туркманистон ва ҳайати ҳамроҳ бо Раҳбари инқилоб

Раҳбари миллии Туркманистон ва ҳайати ҳамроҳ бо Раҳбари инқилоб дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори оқои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов, раҳбари миллии Туркманистон ва ҳайати ҳамроҳ, густариши равобити ду кишварро дорои авлавияти фаровон донистанд.

Эшон гуфтанд: Равобити Эрон ва Туркманистон дар солҳои ахир густариши хубе пайдо кардааст, аммо ҳанӯз зарфиятҳои бисёре барои ҳамкориҳои бештар вуҷуд дорад, ки бояд аз онҳо истифода шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки густариши равобит бар асоси манофеи муштарак ба суди ҳар ду кишвар аст, афзуданд: Умедворем бо ҳузури давлати тозанафаси оқои Пизишкиён, умури марбут ба густариши равобити ду кишвар бо шиддат ва қуввати бештаре идома ёбад.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба ангезаи болои раисиҷумҳури Эрон барои густариши равобит бо Туркманистон, хотирнишон карданд: Хонум Содиқ, вазири роҳ ва шаҳрсозӣ низ ба унвони раиси Комиссияи муштарак, тавофуқҳои ду кишварро думбол хоҳанд кард то ба натоиҷи матлуб бирасанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба суханони раҳбари миллии Туркманистон дар бораи тарҳҳои муштарак миёни ду кишвар, аз ҷумла тарҳи бузургроҳи ҷануб ба шимол ва тарҳи тавсеаи хатти лӯлаи гази Туркманистон, ин тарҳҳоро муҳим арзёбӣ карданд ва гуфтанд: Иҷрои ин тарҳҳои бузург бо ҳузури коршиносон ва мутахассисони эронӣ, равобити самимии ду кишварро беш аз пеш наздиктар хоҳад кард.

Дар ин дидор, ки оқои Пизишкиён, раисиҷумҳур низ ҳузур дошт, оқои Бердимуҳамедов, раҳбари миллии Туркманистон, ду кишварро хешованди якдигар хонд ва гуфт: Музокироти хуб ва созандаеро дар Теҳрон бо оқои раисиҷумҳур доштам ва умедворам, мувофиқатномаҳои имзо шуда ба натоиҷи хубе бирасанд.

Раҳбари миллии Туркманистон ҳамчунин бо гиромидошти ёд ва хотира оқои раисиҷумҳури фақид, ба иқдомоти арзандаи вай барои густариши равобити ду кишвар ишора кард ва афзуд: Марзи тулонӣ ва муштараки Туркманистон бо Эрон ҳамвора марзи сулҳ ва дӯстӣ буда ва хоҳад буд ва мо омодаи густариши равобит дар ҳамаи ҳавзаҳо ҳастем.

 

Барчасп