Паёмҳои табрики Пизишкиён ба сарони Малайзия ва Қирғизистон
(last modified Fri, 30 Aug 2024 14:08:32 GMT )
Август 30, 2024 19:08 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои табрики Пизишкиён ба сарони Малайзия ва Қирғизистон
    Паёмҳои табрики Пизишкиён ба сарони Малайзия ва Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонаи фарорасидани рузи миллии Малайзияро ба подшоҳ ва нахуствазир ва ҳамчунин мардуми ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Масъуди Пизишкён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми табрики рузи миллии Малайзия ба султон Иброҳм ибни Искандар, подшоҳи ин кишвар оварда: итминон дорам муносиботи бародаронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Малайзия ҳамчунон сабаби таҳким ва ҳамбастагии уммати исломӣ хоҳад буд.

Пизишкён ҳамчунин дар паёми табрики худ ба Дотуи Сирри Анвар Иброҳим нахуствазири Малайзия низ иброз итминон кард ки дар партави пайвандҳои муштараки исломӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвар, равобити дустона беш аз пеши масири рушд ва тақвиятро дар ростои манофеи фимобин ва низ уммати исломӣ ҳифз кунад.

Рузи Малайзия ки ба он ба рузи миллии ин кишвар низ гуфта мешавад, мусодиф бо 16 сентябр аст. Дар соли 1963 кишвари Малайзияи ҳудуди шаш сол пас аз касби истиқлол аз Британиа бо таҷмиъи федерасиюни Молоя, Бруниуи Шимолӣ Сабоҳ, Сороуок ва Сингапур шакл гирифт. Агарчӣ дар ибтидои қарор буд тарҳи эъломи ташкили Малайзия аз бахшҳои федерасиюни Молоя, Бруниуи шимолӣ Сабоҳ, Сороуоку Сингапури рӯзи аввали июни соли 1963 анҷом шавад , аммо ин таърих ба 31 август мунтақил ва сипас ба далели ҳам замонӣ бо рӯзи истиқлоли ин кишвар аз султаи истиъмории Британиа ба 16 сентябр мавкӯл шуд .

Дарҳамини ҳол, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар паёми фаро расидани солгарди истиқлоли кишвари дусту бародар, Ҷумҳурии Қирғизистонро ба Садир Ҷаборов раиси ҷумҳурии ин кишвар табрик гуфт. Масъуди Пизишкён дар ин паём овард: бар ин бовараст ки равобити мубтанӣ бар эҳтироми мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба нафъи мардуми ду кишвар, беш аз гузаштаи тақвият ва тавсеа меёбад .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар идомаи ин паёми афзуда: дар давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар авлавияти сиёсати хориҷиаш қарор дорад.