Шино Ансорӣ бонуи пешрави муҳити зисти Эрон дар талош барои тавсеаи энержиҳои пок
(last modified Sun, 01 Sep 2024 08:05:25 GMT )
Сентябр 01, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Шино Ансорӣ бонуи пешрави муҳити зисти Эрон дар талош барои тавсеаи энержиҳои пок

Порс тудей - Ансорӣ ба унвони сеюмин бонуи пешрави муҳити зисти Эрон, муътақид аст, ки шуморе аз қавонини зистмуҳитӣ мисли қонӯни мудирияти пасмонд ва қонӯни ҳавои пок ба таври комил иҷро намешаванд.

Шино Ансорӣ, агарчӣ нахустин бонуи эронӣ ба унвони раиси Созмони муҳити зисти Эрон нест, аммо ӯро ба унвони муҳити зиститарин раис пас аз инқилоб мешиносанд.

Ба гузориши Порс тудей, Ансорӣ ду давраи тахассусии олӯдагии ҳаво ва поиши газҳои гулхонаиро дар Ҷопон дар солҳои 2004 ва 2016 гузарондааст. Ҳамчунин давраҳои мутааддиди дигаре, аз ҷумла тағйири иқлӣм ва сохтумонҳои сабз (Сингапур), муҳити зисти дарёии минтақаи Ропмӣ (Иморот), ҳифозат аз лояи озон (Ҷопон) ва фанновариҳои сабз (Австрия) низ дар корномаи ӯ дида мешавад.

Ансорӣ токунӯн чандин китоб дар бораи муҳити зист навишта ва мақолоти илмии мутааддиде низ дар ин замина ба риштаи таҳрир даровардааст. Ӯ ҳамчунин дар рӯзномаҳои мухталиф мақолоту ёддоштҳое дар бораи масоилу чолишҳои муҳити зисти кишвар, мунташир кардааст.

Илова бар фаъолиятҳои зистмуҳитӣ, Шино Ансорӣ соли гузашта китобе мунташир карда, ки дар он ривоятгари рӯзҳои сахти мубориза бо саратонаш ва пирӯзӣ бар беморӣ, будааст.

Хулосае аз авлавиятҳои муҳити зист дар давлати чаҳордаҳум тавассути Шино Ансорӣ ин гуна баён шудааст: ки мушкилоти калидии зистмуҳитиро муъзалоте чун олӯдагии ҳаво, гирду ғубору камбудии об унвон мекунад.

Роҳкорҳои пешниҳодии эшон барои олӯдагии ҳаво, хориҷ кардан худруҳои фарсуда, иртиқои кайфияти сухт, иртиқои худравҳо, тавсеаи ҳамлу нақли умумӣ, таъмини манобе ва коҳиши олояндагии саноат ва ғайра аст.

Ансорӣ ба унвони сеюмин бонуи пешрави муҳити зист, муътақид аст, ки бисёре аз қавонини зистмуҳитӣ, мисли қонӯни мудирияти пасмонд ва қонӯни ҳавои пок ба таври комил иҷро намешаванд.

 

Барчасп