Сентябр 01, 2024 14:22 Asia/Dushanbe
  • Нахустин тиллои Эрон дар мусобиқоти Паралимпиадаи 2024 Порис

Намояндаи тирандозии Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин медоли тиллои Бозиҳои паралимпиадаи Порисро ба номи Эрон сабт кард.

Ба гузориши ИНА, дар идомаи рақобатҳои паратирондозии Бозиҳои паралимпиадаи Порис 2024, Сора Ҷавонмардӣ, намояндаи шоистаи Эрон дар финоли модаи 10 метр P2 занон дар рвқобате наздик бо намояндаи Туркия, бо 236.8 имтиёз қаҳрамон шуд ва ба нишони тилло расид.

Ин нахустин тиллои корвони Эрон дар Бозиҳои паралимпиадаи Порис аст.

17-умин давраи Бозиҳои паралимпиадаи тобистонӣ аз 28 август то 8 сентябр бо ҳузури 4 ҳазору 400 варзишкор аз 188 кишвар дар 22 ришта дар Порис, пойтахти Фаронса дар ҳоли баргузорист.

 

Барчасп