Сентябр 07, 2024 13:51 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Арманистон: Рӯйёи Зангзур ҳаргиз таъбир нахоҳад шуд

Сафири Эрон дар Арманистон бо ишора ба ҳадафгузории 3 миллиарддолларӣ дар заминаи тавсеаи равобити тиҷории Теҳрон ва Ереван таъкид кард, ки рӯйёҳо дар иртибот бо «коридори Зангзур» ҳаргиз таъбир нахоҳад шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Маҳдии Субҳонӣ-сафири Эрон дар Арманистон рӯзи ҷумъа дар бораи мавзӯъ рафъи бастани роҳҳои минтақа гуфт: Мавзеъи мо дар ин хусус комилан мушаххас аст. Мо мухолиф нестем, аммо бозкушоии роҳҳо бояд таҳти ҳокимияти миллӣ ва сарзаминии Арманистон бошад.

 Субҳонӣ дар бораи контроли намояндагони як кишвари дигар дар ин раванд гуфт: Давлати Арманистон ба таври мушаххас эълом карда ва мо (низ) тарафдори ин эдея ҳастем, ки тамом контролҳо ва назоратҳо тавассути давлати Арманистон ва ҳокимияти Арманистон бошад.

 Сафир Эрон ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба гуфт: Мо зарфиятҳои бисёр зиёде барои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дорем ва тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Эрон ва Арманистон ҳамчунон идома дорад.

Расонаҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба тозагӣ хабар доданд, ки Владимир Путин-раисҷумҳури Русия дар дидор бо Илҳом Алиев-раисҷумҳури Озарбойҷон аз таъсиси коридори мавриди муноқиша бо Эрон, яъне Зангзур истиқбол кардааст.

 Интишор ин хабар дар ҳолест, ки Эрон борҳо мухолифати ҷиддии худро бо сохти ин коридор ва ҳар мавриди дигаре, ки мунҷар ба тағйир дар нақшаҳои геополитикии минтақа мешавад, нишон додааст.

 

Барчасп