Солрӯзи қиёми 17 шаҳривари мардуми Эрон зидди режими диктатории паҳлавӣ
(last modified Sat, 07 Sep 2024 10:24:58 GMT )
Сентябр 07, 2024 15:24 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи қиёми 17 шаҳривари мардуми Эрон зидди режими диктатории паҳлавӣ

Имрӯз,шанбе солрӯзи қиёми 17 шаҳривари соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ( 8 сентябри 1978 ) ва куштори ҷамъе аз мардуми инқилобии Эрон ба дасти маъмурони режими паҳлавӣ аст .

Воқеаи 17 шаҳривари 1357 ( 8 сентябри 1978 ) маърӯф ба “ ҷумъаи сиёҳ “ ки дар манобеи торихӣ аз он бо унвон “ куштори 17 шаҳривар “ низ ёд мешавад , воқеае дар ҷараёни шаклгирии инқилоби исломии Эрон буд ва дар ниҳоят заминасози суқӯти режими диктаторӣ ва вобастаи паҳлавӣ дар соли 1979 шуд .
Куштори садҳо нафар аз мардуми бедифои Теҳрон дар рӯзи 17 шаҳривари 1357 ҳиҷрии шамсӣ тавассути маъмурони режими паҳлавӣ дар майдони Шуҳадои Теҳрон ( Жолаи собиқ ) , мӯҷиби афзоиши нафрати мардум аз ин режим шуд ва эътирозҳову эътисоби кормандони давлати вақт , густариш ёфт .
Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрони пас аз фоҷеъаи 17 шаҳривар , таи ду паём зимни таслият ба мардуми муборизи Эрон , ба онон навиди пирӯзӣ доданд .
Куштори мардуми Теҳрон дар рӯзи ‏17 шаҳривар ва идомаи ҳукӯмати низомӣ , инсиҷому иродаи артиши режими паҳлавиро суст ва дар муқобил иродаи миллати Эронро барои суқӯти режими паҳлавии устувортар ва қатъитар кард ; саранҷом бо идомаи муборизоти ҳақталабонаи миллати Эрон , режими паҳлавӣ ҳудуди панҷ моҳ пас аз қиёми торихии 17 шаҳривар дар феврали соли 1979 суқӯт кард .
Маросими солрӯзи қиёми 17 шаҳривар ҳамасола дар Эрони исломӣ баргузор ва ёду хотираи шаҳидони инқилоби исломии Эрон гиромӣ дошта мешавад .