Сентябр 09, 2024 09:27 Asia/Dushanbe
  • Касби 3 нишони Олимпиадаи ҷаҳонӣ тавассути донишомӯзони эронӣ

Тими Олимпиадаи улӯми заминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 17-умин давраи Олимпиадаи ҷаҳонӣ, як нишони нуқра ва ду нишони брунз касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, аъзои тими донишомӯзии Ҷумҳурии Исломии Эрон муташаккил аз Амиралии Ҳошимӣ Нажод, Садро Козимиён, Ҳотифа Расулӣ, Фотима Ҳаққонии Муборака тавонистанд дар ду тими гуруҳӣ ва инфиродӣ ба се нишони нуқра ва брунз даст пайдо кунанд.

Тими Олимпиадаи улӯми заминии Эрон барои нахустин бор ба сӯрати ҳузурӣ дар ин давра аз мусобиқот ширкат кард ва дар аввалин ҳузур худ тавонист навидбахши дастовардҳои бештар дар риштаи улӯми замин шавад.

Ҳафдаҳумин давраи Олимпиадаи ҷаҳонии улӯми замин дар Пекин, пойтахти Чин баргузор шуд.

 

Барчасп