Сентябр 09, 2024 10:03 Asia/Dushanbe
  • Поёни Паралимпиадаи Порис ва унвони чаҳордаҳумии корвони Эрон

Саҳоб - Корвони Эрон бо касби ҳашт тилло, 10 нуқра ва ҳафт брунз ва қарор гирифтан дар раддаи чаҳордаҳум ба кораш дар Бозиҳои паралимпиадаи 2024 Порис поён дод.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар рӯзи поёнии Бозиҳои Паралимпиадаи 2024 Порис, Аликбари Ғарибшоҳӣ дар дастаи 107 килограм ва Аҳмади Аминзода дар дастаи 107 + килограми паравазнабардорӣ медоли тилло гирифтанд.

Эрон дар Паралимпиадаи 2020 Токио бо 12 тилло, ёздаҳ нуқра ва як брунз дар радаи 13-уми ҷадвали медолӣ қарор гирифта буд.

Дар Бозиҳои паралимпиадаи 2024 Порис, Сора Ҷавонмардӣ дар паратирондозӣ, Амирҳусайни Алипӯр, Ёсини Хусравӣ ва Саиди Афрӯз дар парадав-вамайдонӣ, Рӯҳуллоҳи Рустамӣ, Алиакбари Ғарибшоҳӣ ва Аҳмади Аминзода дар паравазнабардорӣ ва тими миллии валейболи нишаста муваффақ ба касби нишони тилло шуданд.

Фотимаи Ҳимматӣ дар паратиру камон, Алиризо Бахт ва Заҳрои Раҳимӣ дар паратэквондо, Зафари Зокир, Ҳасани Боҷулванд, Меҳдии Авлод, Ҳоҷари Сафарзода ва Алии Пируҷ дар парадав-вамайдонӣ, тими микс компонд (бо таркиби Фотимаи Ҳимматӣ ва Ҳодии Нурӣ ) ва Саидмайсам Банӣ Табо дар параҷуду низ муваффақ ба касби медоли нуқра шуданд.

Дар ин давра аз бозиҳо Чин бо 94 тилло, 76 нуқра ва 50 брунз аввал шуд.

Британия бо 49 тилло, 44 нуқра ва 31 брунз дар радаи дувум қарор гирифт ва Амрико бо 36 тилло, 42 нуқра ва 27 брунз дар радаи сеюм истод.

 

Барчасп