Қаҳрамонии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии снукер 2024
Сентябр 20, 2024 17:30 Asia/Dushanbe
Саҳоб - Миллипуши эронӣ бо шикасти ҳарифи аврупоии худ дар Ҷоми ҷаҳонии снукер ба унвони қаҳрамонии ин мусобиқот даст пайдо кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Алии Қарагозлу, миллипӯши шоистаи Эрон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии снукер 2024, ки ба мизбонии Муғулистон аз 14 то 19 сентябр баргузор шуд, ба унвони қаҳрамонии ин давра аз мусобиқот расид.
Қарагозлу дар дидори рӯзи панҷшанбе муқобили Майкл Ҷорҷио аз Кипр муваффақ шуд бо натиҷаи 5 бар 2 ҳарифи худро шикаст диҳад ва ба унвони қаҳрамонии ин мусобиқот даст пайдо кунад.