Рафъи мавонеъ ва маҳдудиятҳои моливу бонкии тоҷирони Эрону Арманистон
Эрону Арманистон бо ташкили кумитаҳои муштарак мавонеъ ва маҳдудиятҳои гумрукӣ, молӣ ва бонкии дуҷонибаро бартараф мекунанд.
Сайид Муҳаммади Атобак, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон (СМТ) дар сафар ба Арманистон ва дидор бо Попуён, вазири иқтисоди Арманистон, нисбат ба рафъи фаврии мавонеъ ва маҳдудиятҳои моливу бонкии даври замонатнома барои паймонкорони хадамоти фанниву муҳандисии ду кишвар ва бархе дигар аз маҳдудиятҳои гумрукии стандарту лагистика таъкид кард.
Вазири иқтисоди Арманистон ҳам бо таъкид бар аҳамияти Эрон дар каридори байналмилалии Шимол - Ҷануб аз тасмими Ереван ҷиҳати сармоягузорӣ ва ҳузур дар бандари Чобаҳор, ҷанубишарқи Эрон хабар дод ва бо ишора ба аҳамияти ифтитоҳи маркази тиҷории Эрон дар Ереван, аз вазири СМТ-и Эрон тақозои ҳимояту мусоидат дар ҷиҳати роҳандозии маркази тиҷории Арманистон дар Эрон дархост кард, ки мавриди истиқбол қарор гирифт.
Ифтитоҳи маркази тиҷории Эрон дар Ереван, ки бо ҳузури мақомоти эрониву арманистонӣ ва ҳамчунин садҳо нафар аз фаъолони иқтисодии ду кишвар сурат гирифт, бузургтарин маркази тиҷории Эрон дар дунё маҳсуб мешавад, ки пазирои беш аз 100 ширкати бузург аст.
Вазири СМТ-и Эрон ҳамчунин дар дидор бо Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи густариши мубодилоти тиҷорӣ байни Эрону Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва тасвиби тиҷорати озод гуфтугӯ ва ройзанӣ кард.