Доктор Пизишкиён: Эрон бо қудрат дар муқобили зулму ҷиноят меистад
Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар истодагӣ дар муқобили зулму ҷиноят гуфт, илми мубориза бо зулму ҷиноят замин намемонад.
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи адои эҳтиром ба мақоми волои шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва дигар шуҳадои ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар дафтари ин ҷунбиш дар Теҳрон гуфт, бояд ба ҳамаи муддаиёни дурӯғини ҳимоят аз ҳуқуқи башар, озодӣ ва демократия нангу нафрин фиристод, ки имрӯз ҷои золиму мазлумро тағйир додаанд.
Раисиҷумҳури Эрон, ки бо шабакаи телевизионии “Алманор”-и Лубнон гуфтугӯ мекард, бо баёни инки имрӯз низоми истикбор ба мадди императории расонаии худ, маънову корбурди луғотро низ ҷобаҷо кардааст, афзуд: Мустакбирон, террористҳо ва одамакушҳоро ноҷӣ ва инсонҳои тарафдори инсонияту мазлумонро террорист муаррифӣ мекунанд.
Пизишкиён бо баёни инки яқинан на фақат дар Эрон, балки дар тамоми ҷаҳон инсонҳои озода ба дунболи истиқрори ҳаққу адолат ҳастанд, гуфт, агар мустакбирон тасаввур мекунанд, ки бо террори сардорону размандагони муқовимат парчами мубориза бо зулму таҷовузу ҷиноят бар замин мемонад, сахт дар иштибоҳ ҳастанд.
Ҷумъаи гузашта (27 сентябр) режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба минтақаи Зоҳияи ҷануби Бейрут, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба шаҳодат расонд.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон, дар натиҷаи ҳамалоти густардаи артиши режими ҷинояткори Исроил ба Лубнон аз 23 сентябр то кунун беш аз 800 нафар шаҳид ва дастикам 3 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.