Октябр 04, 2024 17:16 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон муҳкам пойи дӯстони лубнониаш ҳаст ва хоҳад буд ва ба ҳамин масир идома медиҳад.

Оқои Ироқчӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори Хабаргузории Садо ва Симо дар фурудгоҳи Бейрут, ҳадаф аз сафар ба Бейрутро ройзанӣ ва машваратҳои сиёсӣ бо мақомоти Лубнон дар бораи таҳаввулоти кунунӣ дар Ғарби Осиё эълом кард.

Вай гуфт: Мо ҳамеша дар тамоси мустақим бо дӯстонамон дар Лубнон будем ва акнун ҳам хоҳем буд, лозим буд, ки аз наздик бо онон ройзанӣ дошта бошем.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон кумакрасонӣ ба мардуми Лубнонро аз дигар аҳдофи сафараш ба Бейрут донисту афзуд: Мардуми Лубнон бар асари бомбаборонҳои ваҳшиёнаи артиши ишғолгари саҳюнистӣ аз маҳалли зиндагиашон хориҷ шуданд ва ниёз аст, ки ба онон кумакрасонӣ шавад.

Оқои Ироқчӣ эъломи ҳамбастагӣ ва ҳамроҳӣ бо мардуми Лубнон алайҳи ҷиноёти режими саҳюнистиро аз дигар аҳдофи сафараш ба Бейрут баршумурду изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ҳомии мардуми Лубнон, шиаёни ин кишвар ва низ ҳомии Ҳизбуллоҳ будаву ҳаст ва лозим буд, ки инро ҳузурӣ ба дӯстони лубнониамон бигӯем.

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки бо тавваҷуҳ ба идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ оё аз сафар ба Лубнон натарсидааст, гуфт: Мо аз ин саҳнаҳо зиёд дидем, ҳам дар даврони ҷанг ва ҳам пас аз он. Бале, дишаб дубора бомбаборони ваҳшиёнае анҷом доданду субҳ ҳам қабл аз фуруди ҳавопаймои ҳомили ҳайати эронӣ, атрофи фурудгоҳро бомбаборон карда буданд, вале мо ба ин чизҳо одат дорему иродаи мо сахттар аз он аст, ки бо ин масоил хадшадор шавад.

 

Барчасп