Дурахшиши ихтироъкорони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
(last modified Fri, 04 Oct 2024 18:13:25 GMT )
Октябр 04, 2024 23:13 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши ихтироъкорони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Ихтироъкорони эронӣ чаҳор нишони тилло ва як нишони нуқра дар мусобиқоти байналмилалии ихтирооту навоварии Амрико ва Швейтсария касб карданд.

Мусобиқоти ихтирооти Амрико бо рақобати наздик ба 220 ихтироъ ва дар мусобиқоти Женеваи Швейтсария дар рӯёрӯӣ бо беш аз 600 ихтироъ буд, ки дар ҳар ду рӯйдод ширкаткунандагоне аз 40 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.

Дар ин мусобиқоти Амрико Сайид Аҳмадризо Аҳмадӣ, Муҳаммадризо Каримӣ, Ёсамини Қаҳрамонӣ ва Ҳелен Имод бо тарҳи «кейти трумои дандонпизишкӣ барои тармими дандон» ба нишони тилло ва бо тарҳи «дастгоҳи ташхиси саратони сина бидуни истифода аз ашаа» ба нишони нуқра даст ёфтанд.