Тафсир: Намози ҷумъаи насру иззат; яке аз муҳимтарин намози ҷумъаҳои ҷаҳони Ислом
(last modified 2024-10-14T13:47:44+00:00 )
Октябр 14, 2024 18:47 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Намози ҷумъаи насру иззат; яке аз муҳимтарин намози ҷумъаҳои ҷаҳони Ислом

Намози ҷумъае, ки ба имомати Раҳбари инқилоби исломӣ пас аз шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамчунин посухи мушакии Эрон ба ҷиноёти саҳюнистҳо 13 меҳри 1403 дар Теҳрон иқома шуд, ба таъбири бисёре шахсиятҳо ва таҳлилгарон, рӯзе таърихӣ дар ҷаҳони Ислом буд. Рӯйдоде бузург, ки ба номи намози ҷумъаи наср шӯҳрат ёфт.

Имом Хоманаӣ ва шуморе чанд садҳазор нафарӣ аз намозгузорони эронӣ бо вуҷӯди таҳдиди душман мабнӣ бар эҳтимоли ҳадаф қарор додани Мусаллои Теҳрон пас аз амалиёти “Ваъдаи содиқ 2”-и Эрон алайҳи Исроил, дар ин намози ҷумъа ҳузур ёфтанд.

Ин намози ҷумъа тибқи барномае аз пеш эълом шуда ва дар фазои боз ва бидуни ҳар гуна ҳифозу истеҳкомоти вижае баргузор шуд.

Қабл аз иқомаи намози ҷумъа, имом Хоманаӣ дар маросими бузургдошти Сайидҳасан Насруллоҳ дар фазои боз ҳузур ёфтанду шурӯ ба хондани Қуръони Карим карданд ва пас аз иқомаи намоз низ бо масъулон ва мақомот гуфтугу карданд.

Дар ин намози ҷумъа, ҳар 4 фарзанди писари Раҳбари инқилоби исломӣ ҳузур доштанд. Бисёре мардуми Эрон аз шаҳрҳои мухталиф дар ин маросими динӣ ҳузур пайдо карда буданд.

Аммо чеҳраҳои мухталифи фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар Эрон зимни истиқбол аз ин оини намоз, ин мавзӯро намоде аз иттиҳоди мардумӣ дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ эълом карданд.

Ғуломнабии Таваккулӣ, имоми ҷумъаи аҳли суннати Тоибоди Эрон ҳам дар бораи иқомаи намози ҷумъаи наср тасреҳ кард: Хутбаҳои мақоми муаззами раҳбарӣ дар намози ҷумъаи наср ва ҳузури пуршӯри мардум дар ин меодгоҳи амн, нақшаҳои шуми душманони исломро хунсо кард.

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассири Қуръони Карим ва аз мароҷеъи тақлид бо ишора ба баргузории бошукӯҳи намози ҷумъаи наср, онро фахри як миллат унвон кард ва гуфт: Миллате, ки дар баробари хатари душманон, бо зану бача ба майдони намоз омаданд, оё ин як фахр нест?

Ҳамчунин ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳам бо баёни инки хутбаи Раҳбари инқилоб дар намози ҷумъаи наср аз назари асаргузорӣ, ҷомеъияту нигариши ҷиҳодӣ ва исломӣ дар қулла буд афзуд: Эътиқоди мардум ба мақоми вилоят эътиқоди сиёсӣ нест, балки эътиқоди динӣ, фитрӣ ва қалбӣ аст.

Аббоси Бойромӣ, раиси Созмони адабиёту таърихи дифои муқаддас ҳам ҳузури миллионии мардум дар ҷумъаи насрро ваъдаи содиқи дигар унвон кард ва гуфт: Душман бо тамоми қуво ба майдони набард алайҳи ҷабҳаи муқовимату Инқилоби исломӣ омадааст, вале бо ҳузури пуршӯри мардум дар ин маросим, ин тавтеаҳо хунсо шуд.

Муҳаммадҳодии Раҳмонӣ, устоди сутӯҳи олии ҳавзаи илмияи Қум низ дар таҳлили воқоеаҳои ахир ва бо таъкид бар аҳаммияти ин намози ҷумъа гуфт: Ҷараёни бузурги намози ҷумъаи наср иззати нафаси ҷомеъаи исломиро боло бурд ва зарбаҳое муҳим ба душман ворид кард.

 

Барчасп