Дорӯи ҷаддиди зидди саратони эронӣ
(last modified 2024-10-17T05:12:28+00:00 )
Октябр 17, 2024 10:12 Asia/Dushanbe
  • Дорӯи ҷаддиди зидди саратони эронӣ
    Дорӯи ҷаддиди зидди саратони эронӣ

Порс тудей- Як ширкати донишбунёни эронӣ ба насли ҷадиде аз дорӯҳои ҳадафманди дармони саратон даст ёфт, ки умри беморони саратониро афзоиш медиҳанд.

 «Алӣ  Оқоҷонӣ » мудири тавсеаи касбу кори як ширкати донишбунёни эронӣ гуфт, ки имсол ба насли бисёр ҷадидӣ аз доруҳои антибодӣ даст пайдо кардем, ки дар инҳисори як ширкати англисӣ қарор дошт . Ба гузориши Порс тудей , ин ширкати донишбунёни эронӣ ба насли доруҳои зиддисаратон бо технологии конжугаҳ антибодии Conjugates Drug Antibody даст ёфтааст .

Ин технолог ба сӯрати ҳадафманди дорӯро ба бофти саратонӣ мерасонад ва таркибе аз именидармонӣ ва  шимидармониро (химия) дар қолаби як дору дар ихтиёри пизишк қарор медиҳад .

Оқоҷоӣ афзӯд : Ин дорӯ « Tederox » ном дорад ва барои саратони сина ва бархе саратонҳои гуворишӣ корбурд дорад . Ин дору метавонад тӯли умри беморони саратониро то чандини баробар афзоиш диҳад ва ба далели ҳадафманд будани дармон , дози камтарӣ ба бадан тазриқ мешавад ва боис мешавад , аворизи роиҷи дорӯҳои саратон мисли резиши мӯ ва ё уфти вазнро надошта бошем ва дар ниҳоят асарбахшии болотриро шоҳид хоҳем буд .

Вай бо баёни инки ин дорӯ аз баргашти саратон , ҷилавгирии қобил таваҷҷӯҳӣ дорад гуфт : Дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи тавлиди анбӯҳи ин дорӯ қарор дорему қимати он камтар аз 10 дарсад қимати бранди хориҷии онаст . Қимати намӯнаи хориҷии ин дору , 3 ҳазор доллараст ва мо бо қимати 200 доллари онро арза мекунем .

Барчасп