Таъкиди Эрон бар таваққуфи наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза
(last modified 2024-10-19T06:03:12+00:00 )
Октябр 19, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар таваққуфи наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Туркия бар таваққуфи наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Лубнон таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷа дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, дар дидори Сайид Аббоси Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон бо Раҷаб Тайиб Ардуғон-раисҷумҳури Туркия, тарафҳо бар иқдоми фаврии байналмилалӣ ҷиҳати поён додан ба куштори бегуноҳон, ҷилавгирӣ аз ҷангафрӯзӣ ва наслкушии режим дар борикаи Ғазза ва Лубнон таъкид карданд.

 Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Ироқчӣ ва Ардуғон дар бораи равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти минтақа низ табодули назар карданд.

 Бақоӣ афзуд, Эрон ва Туркия ба унвони ду ҳамсояи бузург ва таъсиргузор дар минтақа ва ҷаҳони Ислом, дар бораи таҳдиди ҷиддии бархоста аз таҷовузҳо ва ҷиноёти беҳадду марзи режими саҳюнистӣ бар амният ва суботи минтақа иштироки назар доранд.

 Вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар севумин давр аз нишастҳои Қафқози ҷанубӣ рӯзи ҷумъа вориди Истамбули Туркия, маҳалли баргузории ин нишаст шуд.

 Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон пеш аз сафар ба Туркия, дар ростои ройзаниҳои минтақаӣ ва таҳаррукоти дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси охирин таҳаввулоти Ғазза ва Лубнон ва талош барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба Лубнон, Сурия, Арабистон, Қатар, Ироқ, Уммон, Урдун ва Миср сафар ва бо мақомоти аршади он кишварҳо табодули назар кард.

 

 

Барчасп