Ҳунари ҷанҷол ; Эрониҳо чигуна бо масъалаи ҳастаӣ Амрико ва Исроилро фиреб доданд ?
Порс Тудей- Эрон ба хубӣ фаҳмид, ки дар ҷангҳои имрӯз , силоҳҳои мутаъориф агар дурӯст ва мубтанӣ бар аҳдофи тарроҳӣ ва созмондиҳи шаванд таъйинкунандатарин абзор барои таҳмили ирода ва муваффақият ҳастанд .
Ёддошти дарёфтӣ - Ба гузориши Порс Тудей ва ба нақл аз Ню-Йорк Таймз , як мақоми аршади Халиҷи Форс дар бораи стратежии раҳбарӣ шуда тавассути Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Эрон гуфтааст : « Мо тамоми вақти худро сарфи ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрониҳо ба силоҳи мекунем, ки ҳаргиз аз он истифода нахоҳанд кард , дар ҳоле, ки аз силаҳҳое, ки худашон ва ниёбатиҳояшон ҳар рӯз алайҳи мо истифода мекунанд , ғофил мемонем» .
Дар тӯли ду даҳаи гузашта , бозии печида ва моҳиронае, ки Эрон бар сари Амрико ва Исроил пиёда карда , яке аз фиребҳои бузурги таърихи муосир ба шумор меравад. Дар воқеъ фиреб яке аз усӯли асосӣ дар мудирият ҷангаст ; ба вижа аз манзари стратежисҳои чун Сун Тзу "Sun Tzu" .
Тзу мегӯяд : « ҳунари ҷанг , ҳунари фиреб аст . »
Ба назари Эрон низ бо баҳрагирӣ аз ин асл , дар ин солҳо тавонист моҷарои ҳастаии худро ба арсае аз ҷанҷолу ҳавоспартӣ табдил кунад ва тамаркузи душманро ба масире,ки худ мехост мунҳариф кунад . Бадин сон барномаи ҳастаии Эрон ба яке аз муҳимтарин авомили таҳрик ва нигаронӣ дар сиёсати хориҷии Амрико ва Исроил табдил шуд . Эрон дар ҳоле, ки аз ҷанҷолсозмм сиёсӣ ва расонаи ғарбӣ ҳушмандона истифода мекард , ва аз ин тариқ , душманро дар талаи нигарониҳои ҳастаӣ гирифтор карда буд ; ба тақвияти абъоди муҳимтрӣ дур аз чашм онҳо пардохт.
Душманатро машғӯл кун
Ба таъбири Сун Тзу , « вақте душман мутамаркиз бар нуқтае аст , ту дар нуқоти дигари омода шав . » Эрон бо дидани ҳассосияти Амрико ва яке ду кишвари аврупоӣ дар масъалаи ҳастаӣ , аз ин фурсат истифода кард то ба тақвияти бунияи низомии худ дар ҳавзаҳое бипардозад, ки қудрати боздорандагии воқеӣ ва коро эҷод мекунад , бидуни онки душманон ба суръати мутаваҷҷеҳ он шаванд .
Ҷанги воқеӣ ва на тахайюлӣ
Эрон ба ин дарак расид, ки барои пирӯзӣ дар ҷанг бояд воқеъгаро буд , на хаёлӣ . Дар ҳоле, ки бахше аз ғарб даргирӣ мабоҳиси ҳастаӣ ва таҳдидоти хаёлӣ худ буданд, Эрон роҳбурдҳои худро бар мабнои ниёзҳои воқеӣ дар майдони набард тарроҳӣ кард . Ҳамонтур ки Carl von Clausewitz , назарияпардози ҷанг мегӯяд , « ҷанг идомаи сиёсат бо абзорҳои дигар аст » сиёсати Эрон низ ба ҳамин шакл ба абзорҳои ҷангии воқеӣ вобаста шуд ва ба ҷои тамаркуз бар тахайюлот , ба воқеиятҳое,ки мумкин аст дар майдони ҷанг бо он рӯбарӯ шавад , тавваҷӯҳ кард .
Силоҳи мутаъориф таин кунанда аст
Эрон ба хубӣ фаҳмид, ки дар ҷангҳои имрӯз , силоҳҳои мутаъориф агар дурӯст ва мубтанӣ бар аҳдоф тарроҳӣ ва созмондиҳи шаванд таинкунандатарин абзор барои таҳмили ирода ва муваффақият ҳастанд . Силоҳҳои мутаъорифе, ки дар ҳар шароит низ қобил истифодаанд .
Дарки аҳамияти мӯшакӣ
Аз ин рӯ Эрон мӯшакро ба унвони барги барандае мубтанӣ бар тавони фаннии худ дар муъодилоти низомӣ дарк кард . Аз манзари стратежик , мӯшакҳо метавонанд ба суръат таҳдиди ҷиддӣ барои душманон эҷод кунанд , дар ҳоле ки тавлиди онҳо содатару арзонтар аз таслеҳоте чун ҳавопаймоҳои ҷангӣ аст ва амалиётӣ шудани онҳо низ бисёр сариътараст . Сун Тзу муътақидаст, ки « суръат , калиди муваффақият дар ҷанг аст » . Мӯшакҳо ин имконро ба Эрон медиҳанд, ки дар камтарин замони мумкин посухи қотеъ ва боздорандае ба таҳдидот ироа диҳад . Мӯшакҳои эронӣ , дар воқеъ , абзори стратежик барои тақвияти амнияти миллӣ ва ҳифзи боздорандагӣ бӯдаанд .
Паҳпод ; Ҷойгузини ҷети ҷангӣ
Эрониён албатта бехаёли ҷети ҷангӣ низ нашуданд ва пружаҳои хубиро токунӯн ба пеш бурдаанд , аммо бо бароварди хостҳо ва аҳдофи худ , рӯй паҳподҳо сармоягузории бештарӣ карданд . Ин абзор низ на танҳо ҳазинаи камтарӣ дорад , балки ба Эрон ин имконро дод ,ки бидуни ниёз ба ҷамъ кардани фанновариҳои замонбар , бо диққати боло ба аҳдофи душманон посӯх диҳад . Паҳподҳо ҷойгузини муносибе барои ҷетҳои ҷангӣ шудаанд ва ба далели қобилиятҳои номутақорини худ , амалан Эронро ба яке аз пешгомони ин фанноварӣ дар минтақа табдил кардаанд . Эрон низ ба хубӣ аҳамияти паҳподҳоро дар ҷанги мудерн дарк карда ва онҳоро ба абзори аслӣ дар амалиётҳои низомӣ табдил кардааст .
Шабакаҳои ҳамкор барои ҷанг
Эрон ҳамчунин дар хилоли ҷанҷолсозиҳои Ғарб бар сари тавони ҳастаиаш , бо истифода аз рӯйкарди навин , шабакае аз ҷараёнҳои ҳамкору вафодор ба амнияти бумии Ғарби Осиё дар ин минтақаро сариъ аммо бесару садо эҷод кард . Ин шабакаҳо аз муқовимати Лубнон гирифта то муқовимати Яман , муқовимати Ироқу Сурия нақши муассирӣ дар афзоиши фишор бар авомили берӯнии мудохилагаро дар Ғарб Осиё доранд . Бо баҳрагирӣ аз ин шабакаи ҳамкор , Эрон тавонистааст як потансиели муассир барои бахше аз Ғарби Осиё эҷод кунад . Ин ҳамкорон дар воқеъ ба навъе шабакаи ҷанги номутақорин маҳсуб мешаванд ва ҳазинаҳои низомии душманони ғарбии ҷангталабро ба шиддат афзоиш медиҳанд .
Таҳмили ҳазинаҳои сангини падофандӣ
Афзӯн бар инҳо , натиҷаи бахше аз ин фиреби бузурги тавассути эрониён , овардани фишори иқтисодӣ бар Исроил ва Амрико низ будааст . Эрониён бо иттилоъе, ки аз навъи мӯшакҳо ва паҳподҳои худ медоданд , душманро ба сармоягузорӣ мукаррару сарфи ҳазинаҳои сангин барои тавсеаи сомонаҳои дифои зидди мушакӣ ва муқобила бо паҳподҳои эронӣ водор карданд . Эрониён албата хуб медонистанд, ки улгӯии падофандии Исроил ва Амрико қодир ба мувоҷеҳ бо вижагиҳои хоси мӯшакҳояшон нест . Вижагиҳои мураккаб аз суръати фаросут ҳамроҳ бо ҳаракатҳои хосу ғайри қобили пешбинӣ . Бояд тавваҷуҳ кард, ки Эрон дар муъодилаи кайфии худ бар унсури каммият низ таъкиди вижае кард . Ин яъне беҳтарин падофандҳо дар баробари бориши анбӯҳе аз мӯшакҳои фаросут ки бо мановрҳои ғайри қобили пешбинӣ ҳаракат мекунанд , аз пеш шикаст хӯрдаанд .
Ниҳоят инки , старатежии Эрон дар ин арсаи тӯлонӣ , бар пояи асл « фиреб » устувор буд . Дар ҳоле, ки Ғарб , бо тамарккуз бар барномаи ҳастаии Эрон , худро гирифтори дағдағаҳои ҳазиназо ва бӯҳронҳои дипломотик карда буд , Эрон бо дараки амиқ аз усӯли ҷанги мудерн , ба таҷҳизу тақвияти силоҳҳои мутаъорифи худ пардохт . Дар воқеъ , Эрон ба Амрико ва ҳампаймононаш нишон дод, ки дар муъодилоти воқеии ҷанг , тавоноӣ дар силоҳҳои мутаъориф , шабакасозӣ ва мудирияти ҳушмандона беш аз таҳдиди ҳастаӣ корсоз аст .
Ба назари ин стратежии Эронро метавон ба унвони яке аз намӯнаҳои барҷаста дар таърихи низомӣ ва ҳунари ҷанг дар назар гирифт .