CAFA беҳтарин Федератсияи минтақаии Осиё
Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) барои дуюмин бор ба унвони беҳтарин Федератсияи минтақаии Осиё шинохта шуд.
Ба навиштаи сомонаи Ховар, Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соли дуюм пайиҳам беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии сол дар Осиё эътироф гардид.
29 октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ- шаҳри Сеул маросими тантанавии ҷамъбасти соли Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид.
CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё аст, ки зуд эътироф шудааст.
Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) федератсияҳои футболи шаш давлат – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ворид шудаанд. Қароргоҳи CAFA дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.