Лапид: То кунун 12 ҳазор исроилӣ куштаву захмӣ шудаанд
(last modified Wed, 30 Oct 2024 10:46:47 GMT )
Октябр 30, 2024 15:46 Asia/Dushanbe

Лапид гуфт, то кнун 12 ҳазор исроилӣ куштаву захмӣ шудаанд.

Раҳбари мухолифони режими саҳюнистӣ гуфт: Ҳар чиз ҳадде дорад, агар ба ин додаҳо шак доред, ба бемористонҳои Тел-Ҳашумир, Ихилуф ва Рамбом саре бизанед.

Ӯ гуфт: 11 ҳазор сарбоз захмӣ шудаанд. 890 сарбоз кушта шудаанд. 13 сарбоз ду рӯзи пеш кушта шуданд ва агар ин давлат коре анҷом надиҳад, фардо 13 сарбози дигар ба онон афзӯда мешаванд. Наметавонем бигӯем чунин иттифоқе науфтодааст. Наметавонем ин воқеиятро нодида бигирем, ки 11 ҳазор сарбоз захмӣ ва 890 сарбоз кушта шудаанд. Оё метавонем бигӯем ҳама чиз бар вифқи мурод пеш меравад?

Гӯяндаи шабакаи 12 суханони Лапидро қатъ карду гуфт: Артиш ин оморро рад мекунад.

Лапид идома дод: Артиш оморе эълом намекунад. Инҳо додаҳои воқеӣ ҳастанд. Инҳо додаҳои марбут ба захмишудагону кушташудагон ҳастанд. Ҳар чиз ҳадде дорад, чӣ қадар метавонем воқеиятҳои ҷойгузинро бипазирем. Инҳо воқеиятҳои дуруст аст. Агар ба ин додаҳо шак доред, ба бемористонҳо саре бизанед.

 

Барчасп