“X” ҳисоби корбарии Раҳбари инқилоб ба забони ибриро таълиқ карду дубора баргардонд
24 соат пас аз масдуд шудани ҳисоби ибрии Раҳбари инқилоби исломӣ дар “X”, ин шабакаи иҷтимоӣ дубора онро баргардонд.
Меҳдии Фазоилӣ, узви Дафтари ҳифзу нашри осори имом Хоманаӣ гуфт: Ҳисоби ибрии Раҳбари инқилоб дар шабакаи иҷтимоии “X”, ки бо «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» оғоз ба кор карда буд, дар дуюмин рӯзи фаъолият таълиқ шуд.
Пас аз ин иқдом, ки бо эътирози корбарони шабакаи иҷтимоии “X” ҳамроҳ шуд, ҳисоби ибрии Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар “X” баргардонида шуд.
Гуфтанӣ аст, ширкати амрикоии “Мета” низ 8 феврали соли 2024 дар иқдоме ғайриқонунӣ сафаҳоти имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар Инстаграм ва Фейсбукро масдуд кард.
Ҳисобҳои сафаҳоти иҷтимоии Раҳбари инқилоби исломӣ дар фазои маҷозӣ дар шароите масдуд мешавад, ки дар солҳои ахир шахсиятҳо, мақомот ва ҳатто шаҳрвандони оддӣ дар Ғарб аз ҳар баҳонае барои исломҳаросӣ, беэҳтиромӣ ба китоби муқаддаси мусулмонон ва паёмбари Ислом дар сафаҳоти иҷтимоӣ истифода кардаву мавриди ҳимоят қарор гирифтаанд.