Қосимӣ: Эрон ҳанӯз паёме аз Кувейт дарёфт накардааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11806-Қосимӣ_Эрон_ҳанӯз_паёме_аз_Кувейт_дарёфт_накардааст
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ин ки қарор аст, Кувейт паёми аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро ба Эрон мунтақил кунад изҳор дошт, Теҳрон токунун ин паёмро дарёфт накардааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 14, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Эрон ҳанӯз паёме аз Кувейт дарёфт накардааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ин ки қарор аст, Кувейт паёми аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро ба Эрон мунтақил кунад изҳор дошт, Теҳрон токунун ин паёмро дарёфт накардааст.

Холид Ҷоруллоҳ-муовини вазири умури хориҷаи Кувейт эълом кардааст, кишвараш қарор аст, паёме аз сӯи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба Эрон таҳвил диҳад.

Ба гузориши ИСНА, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯз шанбе гуфт, ба маҳзи дарёфти ҳаргуна пешниҳоде, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин мавзуро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва дар мавриди он тасмимгирӣ мекунад.

Холид Ҷоруллоҳ, гуфтааст, тамосҳо бо бародарони эронӣ барои таъйини як таърихи муносиб барои таҳвили паёми кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба Теҳрон дар ҳоли анҷом аст.

Кишварҳои Арабистон, Баҳрайн, Аморот, Кувейт, Уммон ва Қатр, шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳастанд.