Ноиб-қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Пауэрлифтинг
(last modified Thu, 21 Nov 2024 05:43:14 GMT )
Ноябр 21, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ноиб-қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Пауэрлифтинг
    Ноиб-қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Пауэрлифтинг

Порс Тудей - Дурахшиши вазна бардорони қудратии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии  Пауэрлифтинг,ки ба мизбонии Русия баргузор шуд , боис шуд тими Эрон бо касби 34 медал рангоранг битавонад пас аз мизбон , ба мақоми ноиб-қаҳрамонӣ даст ёбад .

Ба гузориши Порс Тудей  ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Ҷобир Асадзода , сарпарасти тими Пауэрлифтинги Эрон бо ишора ба ҳузури 36 варзишкори эронӣ дар радаҳои синнии мухталиф гуфт : Дар мусобиқоти имсол шохистарин вазна бардорони қудратии ҷаҳон ҳузур доштанд ва бо изофа шудани шаш кишвар ба маҷмӯи кишварҳои ширкаткунанда , сатҳи рақобатҳо бисёр боло буд .

«Андрей Симонов » мудири иҷроии даҳумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии Пауэрлифтинг низ , Варзишкорони Эронро руқабои ҷиддӣ барои варзишкорони русӣ ва дигари кишварҳо донист ва гуфт : Пас аз Русияи мизбон , Эрои бештарини теъдоди сабти ҳаддинисобҳои тоза ва касби медолро ба худ ихтисос дод .

«Ҳусайн Маҷидӣ » варзишкори фавқи сангини риштаи Пауэрлифтинг  ва пресси сина бо абзор , бо касби чаҳор медали тилло дар ду бахш бузургсолон ва пешкисватон ва сабти ду ҳаддинисоби ҷадид , ба унвонӣ чеҳраи тиллои мусобиқот шинохта шуд .

« Амир Тоҳирӣ » варзишкори тими бузургсолони Эрон ҳам бо касби шаш медал , шомили ду тилло , ду нуқра ва ду бринҷи , « Алӣ  Сафдор » бо рекордшиканӣ ва касби се медали тилло , « Пурёи Раҳимипӯр » бо ду тилло ва як нуқра , « Амири Шукргузор » бо ду медали тилло ва як бринҷи  ва « Ҳоди Алиқулипур » дар риштаи так пресси қудратӣ бо як тилло ва як бринҷи  аз дигар варзишкорони медаловари тими Ҷумҳурии Исломии Эрон буд .