Афзоиши даромадҳои нафтии Эрон
Даромади нафтии Эрон дар 9 моҳи гузашта ва баъд аз иҷроӣ шудани БАРҶОМ ба 29 миллиард доллар расидааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Амирҳусайни Замониниё-муовини умури байналмилал ва бозаргонии вазири нафти Эрон, рӯзи шанбе гуфт, баъд аз тавофуқи БАРҶОМ ва афзоиши тавлиди нафти Эрон, даромади нафтии Эрон аз содироти ин фароварда афзоиш ёфта ба тавре, ки дар 9 моҳи гузашта даромадҳои нафтии Эрон ба 29 миллиард доллар расидааст.
Ин мақоми Вазорати нафти Эрон пешбинӣ кард, даромадҳои нафтии Эрон дар моҳҳои оянда низ ба далели тавофуқи кишварҳои узви созмони ОПЕК дар 30-уми ноябри гузашта барсари коҳиши тавлид, бозҳам афзоиш ёбад.
Замониниё афзуд, миёнгини содироти нафти хоми Эрон дар 9 моҳи гузашта ба ду миллиону панҷсад ҳазор бушка дар рӯз расид ва албатта ин мизон дар моҳи декабри гузашта ба беш аз ду миллиону ҳаштсаду 30 ҳазор бушка дар рӯз афзоиш ёфтааст.
Созмони кишварҳои содиркунандаи нафти хом (ОПЕК) дар нишасте, ки 30 ноябри гузашта дар Вена баргузор шуд, дар хусуси коҳиши тавлиди нафти аъзои ин созмон ба мизони як миллиону 200 ҳазор бушка дар рӯз ба манзури барқарории субот дар бозори ҷаҳонии нафт ба тавофуқ расид, ки ин тавофуқ аз соли 2008 токунун нахустин дар навъи худ аст.