Таърихсозии писарони хоккейи Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Декабр 22, 2024 12:08 Asia/Dushanbe
Порс тудей - Тими хоккейи чамании Эрон ба мақоми сеюми ҷаҳон расид.
Ба гузориши Порс тудей, тими хоккейи чамании писарони камтар аз 16 соли Эрон барои нахустин бор ба мақоми сеюми ҷаҳон дар мусобиқоти Малайзия даст ёфтанд.
Тими Эрон дар 2 рӯзи нахусти рақобатҳо муваффақ ба касби 8 пирӯзӣ шуд ва дар ҷойгоҳи нахусти гуруҳи худ қарор гирифт.
Тими Эрон дар ниманиҳоӣ муқобили тими қудратманди Малайзия натиҷаро вогузор кард ва дар марҳалаи радабандӣ бо пирӯзии 3 бар як муқобили Индонезия мақоми сеюми ҷаҳонро бадаст овард.
Барчасп