Баргузории маросими ҳафтумин рӯзи даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Мақоми аршади дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфт, ҳузури густардаи мардуми Эрон дар маросими ҳафтумин рӯзи реҳлати оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, нишондиҳандаи иродат ва дилбастаги онон ба Раҳбари инқилоб аст.
Ҳуҷҷатулислом валмусилмин Алиакбари Нотиқи Нурӣ, раиси бозрасии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри якшанбе дар маросими ҳафтумин рӯзи реҳлати оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин бо ишора ба маросими хоксупории бошукӯҳи пайкари он марҳум гуфт: “Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ марде бузург дар таърихи муосири Эрон буд, ки қабл ва баъд аз инқилоби исломӣ хадамоти шоёне ба миллати Эрон кард”.
Узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон маниши дигари оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро муқовимат ва сабурӣ хонд ва гуфт: “Он марҳум бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, рӯҳияи худро ҳифз мекард ва бо дурандешӣ ҳамвора манофеи миллиро дар назар мегирифт ва фақат ба думболи Эроне обод ва муқтадир буд”.
Дар ин маросим шахсиятҳои лашкарӣ ва кишварие, аз ҷумла Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур доштанд.
Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон якшанбешаби ҳафтаи гузашта бар асари сактаи қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.