Ҷаҳонгирӣ: Эрон дар муқобили нақзкунандагони БАРҶОМ қотеона меистад
Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, Эрон бо иқтидор аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва раванди иҷрои он ҳифозат хоҳад кард.
Ба иттилои Ирно, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ имрӯз дар бисту дуввумин Ҷашнвораи таҳқиқоти улуми пизишкӣ дар Теҳрон гуфт: Бархе қудратҳои бузург барои ҷилавгирӣ аз тавсеа ва пешрафти Эрон саъй мекунанд, дар иҷрои БАРҶОМ ихлол эҷод кунанд ё ҳамонанди амрикоиҳо бадаҳдӣ кунанд.
Ҷаҳонгирӣ бо баёни инки ҳаргуна садама ба БАРҶОМ ва иҷрои он бо вокуниши қотеъ ва муқтадиронаи Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд, афзуд: Барҷом як тааҳҳуди байналмилалӣ аст, ки ба тасвиби Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид расидааст, бинобарин ҳеч кишвар ё қудрате наметавонад ин тавофуқи байналмилалиро нақз кунад.
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт: Бо вуҷуди ҳамаи талошҳо ва шароратҳое, ки дар минтақа эҷод кардаанд, то ба амнияти ҷумҳурии исломии Эрон осеб бизананд, имрӯз Эрон конуни амнияти минтақа аст.