Ҷаҳонгирӣ: Таҳримҳои Амрико дар бахши нафту газ беасар шуда аст
(last modified Sun, 24 Jan 2021 12:49:13 GMT )
Январ 24, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ: Таҳримҳои Амрико дар бахши нафту газ беасар шуда аст

Муовини аввали раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон гуфт : Таҳримҳои Амрико дар бахши нафту газ беасар шуда аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ-муовини аввали раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрони рӯзи якшанбе дар ҳошияи боздид аз намоишгоҳи байналмиллалии нафт, газ ва петрошимӣ(саноати кимиё) дар Теҳрон таъкид кард:Беасар кардани таҳримҳо, яъне иҷоза дода нашавад пружаҳо мутаваққиф шавад ва имрӯз ин муҳим дар бахши нафту газ амалӣ шуда аст.

 Ҷаҳонгирӣ бо ишора ба таҳримҳои шадиди се соли ахири Амрико зидди Эрон гуфт:Полоишгоҳи гази Бедбаланди халиҷи Форс дар даврони таҳрим ба баҳрабардорӣ расид ва дар воқеъ ин тарҳ , намоде аз таҳаққуқи корҳои муҳим дар даврони таҳримҳои шадиди Амрикост.

Муовини аввали раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо баёни инки пас аз таҳримҳои Амрико , беш аз 100 миллиард доллар аз даромадҳои арзии Эрон коҳиш ёфт, афзуд:Вазорати нафти Эрон бо иқдомоти созанда тавонист рекорди содироти нафту фаровардаҳои нафтиро бишиканад ва содироти фаровардаҳои нафтӣ ба беш аз чаҳор баробар афзоиш ёфта аст.

 Бисту панҷумин намоишгоҳи байналмиллалии нафт, газ ва петрошимӣ(саноати кимиё)и Эрон рӯзи ҷумъа дар маҳали доимии намоишгоҳҳои байналмиллалии Теҳрон гушоиш ёфт.

 

Бештар бихонед :