Ҷадидтарин шаҳри мушакии зеризаминии Сипоҳи посдорон рӯнамоӣ шуд +ҷузъиёт
(last modified Wed, 26 Mar 2025 12:49:49 GMT )
Март 26, 2025 17:49 Asia/Dushanbe
  • Ҷадидтарин шаҳри мушакии зеризаминии Сипоҳи посдорон рӯнамоӣ шуд +ҷузъиёт
    Ҷадидтарин шаҳри мушакии зеризаминии Сипоҳи посдорон рӯнамоӣ шуд +ҷузъиёт

Порс тудей- Нерӯи ҳавофазоӣ Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аз шаҳри мушакии ҷадиди худ бо даҳҳо километри тунели зеризаминӣ рӯнамоӣ кард .

Ба гузориши Порс тудей , нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе аз анбӯҳи мӯшакҳои болистик « Хайбаршикан » , « Ҳоҷ Қосим » , « Имод » , « Сеҷҷил » « Қадри H » ва « Крузи Пова » дар яке аз садҳо шаҳри мушакиаш рӯнамоӣ кард .

Дар ин рӯнамоӣ Сарлашкар « Муҳаммади Боқирӣ » , раиси Ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Сардор « Амиралӣ Ҳоҷизода » , фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ҳузур доштанд .

Тасвире аз сарлашкар « Муҳаммад Боқирӣ » , раиси Ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Сардор « Амиралӣ Ҳоҷизода » , фармондиҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ

Сарлашкар Боқирӣ дар ҷараёни боздид аз ин шаҳри мушакии зеризаминӣ , бо таъкид бар аҳамияти тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон , гуфт : Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон масири рушд , иртиқо ва тавонмандии худро бо ҷиддият идома медиҳанд .

Вай афзӯд : Пас аз амалиётҳои муваффақи Ваъдаи Содиқи 1 ва 2 , медонем осеби душман куҷост ва ҳамон нуқотро бештар тақвият хоҳем кард . Мушти оҳанини мо бисёр қавитараст .

Сарлашкар Боқирӣ дар идома изҳор дошт : « Суръати рушди тавони мушакии мо нисбат ба суръати тармими заъфҳо тавассути душман бисёр бештараст ва душман қатъан ақаб хоҳад монад . »

Тасвире аз шаҳри мушакии ҷадиди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ

Шаҳрҳои шиноварӣ ва мушакӣ дар абъоди мухталифи дорои аҳамият ва қобилият ҳастанд ки муҳимтарин он иборат аз :

1 . Амнияти стротежик : Ин пойгоҳҳо ба далели қароргирӣ дар зери замин , аз назари амниятӣ бисёр муқовим ҳастанд ва метавонанд дар баробари ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакии душман муҳофизат шаванд .

2 . Амалиёти махфӣ : Қобилияти анҷоми амалиёти махфӣ ва ғофилгеронаро барои нерӯҳои низомӣ фароҳам меоварад . Ин амр метавонад дар шароити буҳронӣ ва ҷангҳои номутақорин бисёр муассир бошад .

3 . Пуштибонӣ аз амалиётҳои дарёӣ : Бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти ҷуғрофиёии Эрон ва таҳдидоти дарёӣ , вуҷӯди чунин пойгоҳҳоӣ метавонад ба иҷрои амалиётҳои дарёӣ ва назоратӣ кумак кунад .

4 . Қобилияти истиқрори таҷҳизоти пешрафта : Имкони истиқрори таҷҳизоти низомӣ , паҳподҳо , мӯшакҳо ва новҳои кучак дар ин пойгоҳҳо вуҷӯд дорад .

5 . Зерсохтҳои лаҷестикӣ : Ин пойгоҳҳо метавонанд шомили таъсисоти лаҷестикӣ барои таъмини ниёзҳои нерӯҳои низомӣ бошанд , аз ҷумла анборҳои таслеҳотӣ , таъмиргоҳҳо ва марокизи кантрол .

6 . Мудирияти бӯҳрон : Қобилияти мудирияти бӯҳрон ва вокуниши сариъ ба таҳдидоти мухталифро фароҳам меоварад .