Ҷебелӣ: Ҳамлаи саҳюнистҳо ба сохтмони Ҷоми Ҷам таҷовуз ба баёни ҳақиқат буд
(last modified Sat, 28 Jun 2025 04:14:43 GMT )
Июн 28, 2025 09:14 Asia/Dushanbe
  • Паймони Ҷебелӣ, раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон
    Паймони Ҷебелӣ, раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс-Тудей. Раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳамла ба Садо ва Симо таҷовузе ошкор ба ҳақиқат  ва истимрори нақзи фоҳиши ҳуқуқи башару амнияти байналмилал буд ва дар ин ҳамла марзҳои ҳуқуқӣ байни ҷангу қонуни озодии баён ба амд, нодида гирифта шуд.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Хабаргузории Садо ва Симо, Паймони Ҷебелӣ, раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа бо ҳамроҳии хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар боздид аз сохтмони шишаии Ҷоми Ҷам, ки асри душанбеи 26 хурдод (16 июн) ҳадафи ҳамлаи режими саҳюнистӣ қарор гирифт, аз ҳузури расонаҳои байналмилалӣ дар расонидани садои мазлумияти аҳолии хабар ва таҷовуз ба расонаҳои озод қадрдонӣ кард.

Раиси расонаи миллӣ бо хайрамақдам ба хабарнигорони расонаҳои озоди байналмилалӣ афзуд: Aз ин ки шумо шоҳиди ин саҳнаҳои дарднок ҳастед, ғамгин ҳастам, аммо аз ин ки ин ҷиноятро, ки нишондиҳандаи поймол кардани ҳуқуқи башар ва  ҳаққи озодии баён аст, ба дунё мухобира хоҳед кард, қадрдон ҳастам. 

Ҷебелӣ гуфт: Cозмони Садо ва Симо бо собиқаи зиёде дар ҷаҳони расонаии дунё шинохта мешавад ва шабакаҳои телевизионии Эрон ва шабакаи "Хабар" дар арсаи расонаҳо ҷойгоҳи муҳиме доштаанд, аммо ин таҷовуз мисдоқи ҳамла ба ҳақиқате аст, ки ҳамаи расонаҳо дар баёни он озод ҳаcтанд, расонаҳое ки инъикосдиҳандаи воқеиятҳое ҳастанд, ки дар кишварашон рух медиҳад ва мо низ ҷуз баёни ҳақиқат кори дигаре намекардем.

Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон афзуд: Mо имрӯз дар сохтмоне ҳастем, ки борҳо дар он аз 300 шаҳиди хабарнигори фаластинӣ ва байналмилалӣ ёд шудаву борҳо таҷовуз ба протоколҳои байналмилалии марбут ба расонаҳои озод дар он маҳкум шудааст.

Раиси расонаи миллии Эрон гуфт: Ин саҳнаро дар ҳеҷ кишваре мушоҳида нахоҳед кард, зеро дар ҳеҷ кадом аз ҷангҳои дунё ба шакли ошкор ба марокизи хабариву хабарнигорон ҳамла намешавад, хабарнигорон ҳамонанди имдодгарон масуният доранду ҳамла ба онон хилофи қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ аст.  

Ҷебелӣ бо ишора ба студияи тахрибшудаи шабакаи "Хабар"-и сохтмони шишаӣ афзуд: Фазое ки имрӯз табдил ба хокистар шуда, замоне студияи хабарӣ буд, ки хабарнигори расонаи миллӣ - хонум Cаҳари Имомӣ ба ҳамкоронаш машғули тавлиди хабари зинда буданд ва дар ҳоле ки миллионҳо нафар ӯро мушоҳида мекарданд, мавриди таҳоҷуми режими саҳюнистӣ қарор гирифт.

Вай афзуд: Дар замони пахши зинда се мушак болои студияи "Хабар"-ро ҳадаф гирифта буданд, ки муҷиби тахриби студия ва нотамом мондани суҳбатҳои ин гузоришгари шуҷои мо шуд. Ин саҳнаро  миллионҳо нафар диданду ҷаҳон шоҳиди ҷо ба ҷо шудани марзҳои вақоҳату таҷовуз ба ҷараёни озоди иттилооту баёни ҳақиқат буд.

Раиси Созмони Садо ва Симои Эрон таъкид кард: Mо ин ҳамларо маҳкум мекунем ва онро аз тариқи қавонини байналмилалӣ мавриди пайгард қарор хоҳем дод.