Боздиди Пизишкён аз Садо ва симои Эрон; Садои ҳақиқат хомӯш шуданӣ нест
(last modified Sun, 22 Jun 2025 03:20:27 GMT )
Июн 22, 2025 08:20 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Пизишкён аз Садо ва симои Эрон; Садои ҳақиқат хомӯш шуданӣ нест

Порс-Тудей. Mасъуди Пизишкён раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи шанбе бо ҳузур дар созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон аз сохтимони хабари ин созмон ки мавриди ҳамлаи режими саҳюнистӣ қарор гирифт, боздид кард .

 Mасъуди Пизишкён  раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷараёни боздид аз созмони  Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон бо ташаккур аз фаъолияти ин созмон дар ин айём , гуфт : Садои ҳақиқат хомӯш нашуданӣаст .

 Ба гузориши Порс-Тудей, дар ин боздид,  Паймони Ҷебелӣ  раиси созмони Садо ва симо, раиси Ҷумҳурии исломии Эронро ҳамроҳӣ кард .

Режими саҳюнистӣ дар идомаи ҳамалоти ҷинояткоронааш, рӯзи душанбе 26 хурдод ( 16 июн ) ба сохтимони шишаии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли пахши зиндаи ахбор ҳамла кард .

Сохтимони шишаии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон
Сохтимони шишаии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон

 

Пас аз ҳамлаи саҳюнистҳо ба сохтимони шишаии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ,  Паймони Ҷебелӣ  раиси созмони Садо ва симо дар паёме тасреҳ кард : ин ҳамла нишон аз ҳадафгирии дақиқи Садо ва симои Эрон ба умқи стратегии расонаии душман дорад . Фарзандони рашиди мардуми Эрон дар расонаи миллӣ бо садои расо эълом мекунанд , азми мо дар нақшофаринии ҷанги таркибии роҳ афтода аз сӯии душмани саҳюнии чандини баробар шудааст ва ҳеҷ халале дар иродаи мо барои шикасти расонае ҷабҳаи куфр ба вуҷӯд наёмадааст .