Бозгашти нафткашҳои Эрон ба банодири Аврупо
(last modified Wed, 18 Jan 2017 12:43:50 GMT )
Январ 18, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти нафткашҳои Эрон ба банодири Аврупо

Мудиромили Ширкати миллии нафткаши Эрон аз оғози тараддуди новгони нафткашҳои эронӣ ба банодири аврупоӣ хабар дод.

Ба иттилои Ирно, Суруси Киёнирсӣ, мудиромили Ширкати миллии нафткаши Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ташреҳи дастовардҳои тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) афзуд: Бо иҷрои БАРҶОМ ва лағви таҳримҳо, тараддуди каштиҳои новгони Ширкати миллии нафткаши Эрон ба банодири аврупоӣ, ки дар даврони таҳрим мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шуд.

Киёнирсӣ Испанияро нахустин мақсади аврупоии новгони нафткаши Эрон дар даврони пас аз БАРҶОМ эълом кард ва гуфт: Нахустин каштии Ширкати миллии нафткаши Эрон дар бандари Алҷасироси Испания паҳлу гирифтааст.

Мудиромили Ширкати миллии нафткаши Эрон тасреҳ кард: Барои ҳузури муассиру қудратманд дар бозорҳои байналмилалии аврупоӣ, тараддуди каштиҳои ин ширкат ба дигар банодири аврупоӣ аз ҷумла Ҳолланд оғоз шудааст.

Киёнирсӣ ҳамчунин гуфт: Ба зудӣ кишварҳои аврупоии бештаре ба мақосиди байналмилалии новгони нафткаши Эрон изофа ‎хоҳад шуд.

Понздаҳуми январи 2016 бо интишори гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи анҷоми тааҳҳудҳои ҳастаии Эрон (БАРҶОМ), иҷрои тааҳҳудҳои тарафи муқобил (гурӯҳи панҷи ба иловаи як) яъне раванди лағви таҳримҳои ҳастаии ғарб зидди Эрон оғоз шуд.