Январ 18, 2017 21:25 Asia/Dushanbe

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон дар як соле, ки аз иҷрои тавофуқи ҳастаӣ гузашта, бо бадаҳдии амрикоиҳо муқобила кардааст.

Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нахустин солгарди иҷрои тавофуқи ҳастаӣ гуфт: Амрикоиҳо ва аврупоиҳо дар як соли гузашта то тавонистанд дар масири иҷрои БАРҶОМ сангандозӣ карданд, аммо Эрон бо ин сангандозиҳо муқобила ва саъй кард, мавонеъро бартараф кунад. Ҳамкорамон Юсуфӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст, ки мешунавед: