Ҳаммоми намаки Башрӯё; Ганҷинаи дармонии кавири Эрон дар қалби Хуросони Ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121302
Порс-Тудей. Дар дили кавири бикри Хуросони Ҷанубӣ, дар шимоли шарқи Эрон , ҷое, ки офтоб бо гармои худ заминро навозиш мекунаду насими мулоим , атри намакро ба машом мерасонад, Ҳаммоми намаки Башрӯё ба унвони як ганҷинаи дармонӣ дар интизори шумо аст.
(last modified 2025-08-03T05:26:18+00:00 )
Август 03, 2025 08:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳаммоми намаки Башрӯё
    Ҳаммоми намаки Башрӯё

Порс-Тудей. Дар дили кавири бикри Хуросони Ҷанубӣ, дар шимоли шарқи Эрон , ҷое, ки офтоб бо гармои худ заминро навозиш мекунаду насими мулоим , атри намакро ба машом мерасонад, Ҳаммоми намаки Башрӯё ба унвони як ганҷинаи дармонӣ дар интизори шумо аст.

Хуросони Ҷанубӣ дар шимоли шарқи Эрон, ба унвони сарзаминии хушку кавӣрӣ (биёбон) , зебоиҳои беназириро дар дили худ пинҳон карда аст. Ин устон бо захоири бузурги намаки табиӣ дар бархе манотиқи кавӣриаш, ба як мақсади ҷаззоб барои гардишгарон табдил шудааст . Ҳавзчаҳоу чашмаҳои намакии ин минтақа, монанди ганҷинаҳои сифеду дурахшон, солхои зиёде аст, ки мавриди истифодаи мардуми маҳаллӣ қарори гирифтау хавоси дармонии онҳо ба шӯҳрат расидааст.

 

Кавири намаки Башрӯё

Шаҳристони Башрӯё , бо ҷозибаҳои табиӣ ва таърихии фаровон , яке аз мақосиди муҳими гардишгарӣ дар Хуросони Ҷанубӣ аст . Ин шаҳристон бо кавири бикр ва дастнахурда , теппаҳои мосаи зебо, пушиши гиёҳии мутанаввиъу осори таърихии арзишманд , тавониста тавваҷуҳи гардишгарони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб кунад.

Кавири бикри Хуросони Ҷанубӣ

Кавири Башрӯё , ки дар ҳудуди 24 километри тӯл ва 30 километр арз дорад , аз шимол ба Кошмар , аз ҷануб ба руди Kолшӯр ва аз  шарқ ба Kавири намаки Башрӯё маҳдуд мешавад . Ин кавир бо теппаҳои шини баланде, ки дорад, фазоии мунҳасир ба фарду  ҷаззоб барои алоқамандон ба табиату моҷароҷӯӣ фароҳам мекунад.

Кавири бикри Хуросони Ҷанубӣ

 

Ҳаммоми намаки Башрӯё ба унвони як маркази дармонӣ , бо истифода аз намакҳои табиӣ ва ғанӣ аз маводи маъданӣ , ба шумо кумак мекунад то аз мушкилоти пӯстӣ аз қабили Экзема ва Илтиҳоби пӯст халос шавед . Ин намакҳо, ки аз дили кавир истихроҷ мешаванд, ба унвони як зиддиуфӯникунанда (дезинфексия)- и табиӣ амал карда, ва ба беҳбуди бемориҳои танаффусӣ монанди Астмау Cинузит низ кумак мекунанд . Нафас гирифтан  дар  ҳавои намакӣ дар ин ҳаммом, шуморо ба дунёии оромишу саломатӣ мебарад.

Аммо ин ҷо фақат як маркази дармонӣ нест; Ин ҷо маҳалле аст, ки шумо бо таркибе аз табиат , саломату фарҳанги маҳаллӣ ошно мешавед . Шаҳристони Башрӯё бо ҷозибаҳои табиӣ ва таърихии фаровон , яке аз мақосиди муҳими гардишгарӣ дар Хуросони Ҷанубӣ  аст . Биёбони беҳамто ва дастнорас, регзорҳо ва осори гаронбаҳои таърихӣ, ҳамау ҳама шуморо ба ин минтақа ҷалб мекунад .

Ҳаммоми намаки Башрӯё