Сардор Абуфазл Шикорчӣ: Розмандагони фаластинӣ ниёзе ба гирифтани дастур аз дигарон надоранд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121594-Сардор_Абуфазл_Шикорчӣ_Розмандагони_фаластинӣ_ниёзе_ба_гирифтани_дастур_аз_дигарон_надоранд
Порс Тудей - Муовини фарҳангӣ ва ҷанги нарми Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба иддаои раиси ҷумҳури Амрико мабнӣ бар мамониати Эрон аз музокироти Ҳамос бо режими саҳюнистӣ гуфт: размандагони далер ва шуҷоъи муқовимат дар саросари минтақа, аз ҷумла Ҳамос, барои озодии сарзаминҳои ишғолшуда аз чанги саҳюнистҳо меҷанганд ва ҳеҷ ниёзе ба гирифтани дастур аз дигарон надоранд. 
(last modified 2025-08-18T12:58:45+00:00 )
Август 18, 2025 13:01 Asia/Dushanbe
  • Сардор Абуфазл Шикорчӣ: Розмандагони фаластинӣ ниёзе ба гирифтани дастур аз дигарон надоранд

Порс Тудей - Муовини фарҳангӣ ва ҷанги нарми Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба иддаои раиси ҷумҳури Амрико мабнӣ бар мамониати Эрон аз музокироти Ҳамос бо режими саҳюнистӣ гуфт: размандагони далер ва шуҷоъи муқовимат дар саросари минтақа, аз ҷумла Ҳамос, барои озодии сарзаминҳои ишғолшуда аз чанги саҳюнистҳо меҷанганд ва ҳеҷ ниёзе ба гирифтани дастур аз дигарон надоранд. 

Сардор сартип посдор Абуфазл Шикорчӣ, бо баёни ин ки муқовимат як андеша ва тафаккур аст, ки ба ҳеҷ унвон онро намешавад аз байн бурд, гуфт: андеша ва тафаккури муқовимат мутобиқ бо ваъдаҳои илоҳӣ ва шикастнопазир аст ва ҳеҷ силоҳ ё ҷангфзор наметавонад дар муқобили он дастоварде дошта бошад. 

Муовини фарҳангии Ситоди кулл бо таъкид бар ин ки Амрико ва режими ҷаъалии саҳюнистӣ бо тавтеаҳо чун халъи силоҳи муқовимат, таҳримҳои иқтисодӣ ва куштани занону кудакон ҳаргиз ба натиҷа нахоҳанд расид, афзуд: режими кудаккуши саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳимояти арбобонаш роҳе ҷуз нобудӣ дар пеш надорад. 

Сартип посдор Абуфазл Шикорчӣ ҳамчунин, дар вокуниш ба таҳдидоти ахири режими саҳюнистӣ изҳор дошт: онҳо пеш аз ин низ таҳдид карданд, аммо натиҷаи он дар ҷанги таҳмилии 12-рӯза чӣ шуд?, Бисёре аз маконҳои ҳассос ва муҳими низомӣ, амниятӣ ва ғайра аз шимол то ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ бо хок яксон шуданд ва саҳюнистҳо маҷбур ба пазируфтани таъми талхи шикаст гардиданд. Таҳдидоти нав низ дар сурати амалишудан, авоқиби сангину сахттареро барои саҳюнистҳо ба дунбол хоҳанд дошт.