Зариф ҷиноёти зидди мусалмонони Миёнморро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12178-Зариф_ҷиноёти_зидди_мусалмонони_Миёнморро_маҳкум_кард
Вазири умури хориҷии Эрон ҷиноёти зидди мусалмонони Миёнморро маҳкум ва аз бетаваҷҷуҳии ҷомеаи байналмилалӣ ба он интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 19, 2017 15:34 Asia/Dushanbe
  • Зариф ҷиноёти зидди мусалмонони Миёнморро маҳкум кард

Вазири умури хориҷии Эрон ҷиноёти зидди мусалмонони Миёнморро маҳкум ва аз бетаваҷҷуҳии ҷомеаи байналмилалӣ ба он интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазири умури хориҷии Эрон дар нишасти фавқулоддаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Куала-Лумпури Малайзия ҷиноёти зидди мусалмонони Миёнмор суратгирифтаро маҳкум кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф ба табъиз, хушунату нафрати густарда алайҳи мусалмонони Руҳингия ва маҳрумияти онон аз ҳаққи мусаллами шаҳрвандӣ ишора карда, иттиҳоди ҷаҳони Исломро дар ҳимоят аз онон ба унвони вазифаи ҷамъии кишварҳои исломӣ хостор шуд. Зариф бо интиқод аз сукути расонаҳои ҷаҳон дар қиболи авзои мусалмонони Руҳингия гуфт, муттассифона, тасвирҳои даҳшатноки кӯдакони ғарқшудаи мусалмони Миёнмор дар соҳили баҳр дар садри ахбори расонаҳои ҷаҳонӣ ҷое наёфтааст. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин аз бетаваҷҷуҳии ҷомеаи байналамилалӣ ба ин мавзӯъ интиқод карда, тамаркузи Созмони Милалро бар ин буҳрон хостор шуд. Ӯ аз давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ хост, ки бо истифода аз тамоми имконоти худ ба Ҳукумати Миёнмор фишор оваранд, то ҳуқуқи мусалмонони Риҳингияро риоят кунад. Ӯ дар зимн аз Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дабири кулли он хост, ки ҳамчунон ба ҳимоят ва кӯмак ба мусалмонони Руҳингия идома диҳанд.