Нақши Ҷаҳони Исфаҳон; Тасвири бошукӯҳе аз қудрат, ҳунар ва зиндагии эронӣ
-
Нақши ҷаҳони Исфаҳон; Тасвири бошукӯҳе аз қудрат, ҳунар ва зиндагии эронӣ
Порс Тудей- Майдони Нақши ҷаҳон, майдони бузург ва умумӣ дар қалби шаҳри Исфаҳон аст, ки ба унвони яке аз бузургтарин майдонҳои шаҳрии ҷаҳон шинохта мешавад ва шоҳкоре беназир аз меъмории эронӣ ва исломӣ башумор меравад.
Майдони Нақши ҷаҳон дар авоили қарни 17-ум ба дастури Шоҳаббоси Аввали Сафавӣ, сохта шуд ва бо тоқнамоҳои ду табақа иҳота шудааст. Чаҳор бинои бошукӯҳ дар чаҳор сӯи он қарор доранд: Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ дар шарқ, Кохи Олиқопу дар ғарб, Сардари Қайсария дар шимол ва Масҷиди Имом дар ҷануб.
Ин маҷмӯа бо тарроҳии дақиқ, авҷи ҳунари шаҳрсозии давраи Сафавиро ба намоиш мегузорд ва дар замони худ, маркази фарҳангӣ ва сиёсии пойтахт Сафавиён буд. Майдони Нақши ҷаҳон, ки маънои он «тасвири ҷаҳон» аст, дар гузашта ба номи майдони Шоҳ шинохта мешуд ва имрӯза номи расмии он майдони Имом аст.

Қалби пойтахти ҷадид
Бо интиқоли пойтахт ба Исфаҳон дар даҳаи 1590 мелодӣ, Шоҳ Аббоси Аввал майдони Нақши ҷаҳонро ба унвони меҳвари аслии тарҳи шаҳрсозии ҷадиди худ интихоб кард. Дар ҳоле, ки бозори қадимии шаҳр дар атрофи Майдони кӯҳна равнақ дошт, тарроҳии навоваронаи Шоҳаббос тиҷорат ва қудратро ба ин майдони тозасохт мунтақил кард.
Сохти майдон дар соли 1602 оғоз шуд ва тоқнамоҳои яктабақа бо айвонҳои рӯ ба майдон, вижагии шохиси он буданд. Пушти ин намоҳо, бозори сарпӯшидаи ҷадиде қарор дошт, ки аз тариқи дарвозаҳои мутааддид ба майдони Салтанат муттасил мешуд.
Дар атрофи майдон ҳудуд 200 ҳуҷраи ду табақа сохта шуд. Табақаи поин шомил ду мағоза буд ва табақаи боло (болохона) чаҳор мағозаи кӯчактар дошт, ки дутои он рӯ ба майдон ва дутои дигар дар пушти бо балконҳои оҷурӣ қарор доштанд. Кафи ин ҳуҷраҳо ибтидо бо санги мармар пӯшида шуда буд ва баъдҳо бо кошиҳои рангӣ ва санг тазъин шуд.
Бар хилофи бозор қадимие, ки барои умуми мардум буд, бозори ҷадид умдатан дар хидмати дарбори Сафавӣ, ашроф ва меҳмонони расмӣ қарор дошт ва ба ҳамин далел «Бозори Салтанатӣ» ном гирифт.

Шоҳкори меъморӣ ва шаҳрсозӣ
Майдони Нақши ҷаҳон бо абъоди 560 дар 160 метр ва вусъати 9 гектар, бархилофи улгуи суннатии шаҳрҳои эронӣ, ки фоқиди фазоҳои боз васеъ ҳастанд, тарроҳӣ шудааст. Кошикориҳои луобдор ва наққошиҳои тазъинии ҳатто тоқнамоҳои тиҷориро ба осори ҳунарӣ табдил кардаанд.
Масҷиди Имом бо зовияои хосс рӯ ба қибла, бо мазайкҳои рангоранг ва айвони баланд бо ду манора, намоди шукӯҳи меъмории Сафавӣ аст. Кохи Олиқопу бо айвони муртафаъ ва сутунҳои борик, дарвозае ба боғҳои Салтанатӣ ва хиёбони Чаҳорбоғ буд. Сардари Қайсария ба бозори бузурги Исфаҳон роҳ дорад ва масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, ки рӯзгоре ибодатгоҳи хусусии Шоҳ буд, акнун ба унвони нигине дар меъмории исломӣ шинохта мешавад.
Бо равнақ гирифтани майдони Нақши ҷаҳон, бозори Майдони кӯҳна аҳамияти худро аз даст дод ва нақши он ба таври комил ба маркази тиҷории ҷадид мунтақил шуд. Ин бозор ҳанӯз ҳам яке аз беҳтарин намунаҳои бозорҳои исломии пеш аз қарни бистум аст.

Маркази зиндагии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ
Дар даврони Сафавӣ, майдони Нақши ҷаҳон маҳалли баргузории мусобиқоти чавгон, режаҳои низомӣ ва маросими умумӣ буд. Ҳуҷраҳо пур аз бозаргонон буданд ва навозандагон аз балконҳо иҷро мекарданд. Сафарноманависоне чун Жон Шордан дар қарни ҳабдаҳум, ин майдонро маркази пурҷунбу ҷуши тиҷорат, ҳунар ва таомули иҷтимоӣ тавсиф кардаанд.
Айвони Кохи Олиқопу ба толорҳо муттасил буд, ки Шоҳ дар онҳо пазирои меҳмонони расмӣ буд ва ин майдонро ба қалби фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрон табдил мекард. Тарроҳии майдон бо тамаркузи қудрат дар як нуқта, иқтидори Шоҳаббосро тақвият мекард.
Имрӯза майдони Нақши ҷаҳон ҳамчунон маҳалли гирдиҳамоии мардум ва гардишгарон аст; Бо боғҳо, фаввораҳо, ҷашнҳои фарҳангӣ ва рӯйдодҳои умумӣ. Аз соли 1979, ин майдон ба ҳамроҳи Тахти Ҷамшед ва Чағозанбил, ба унвони нахустин осори эронӣ дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст.